Сокинони кишвар дар ҷашни Истиқлоли давлатӣ се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, рӯзи шанбе 6-уми сентябр рӯзи корӣ ва рӯзи душанбе, 8-уми сентябр – рӯзи истироҳат эълон шудаааст. “Ба рӯзи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, рӯзи шанбе 6-уми сентябр рӯзи корӣ ва рӯзи душанбе, 8-уми сентябр – рӯзи истироҳат эълон шудаааст.

“Ба рӯзи дигари гузаронидани рӯзи корӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, агар байни рӯзи иди ғайрикорӣ ва рӯзи истироҳат як рӯзи корӣ рост ояд”, – шарҳ доданд дар Федератсия.

Ба ин тариқ, барои шаҳрвандоне, ки бо ҳафтаи кории панҷрӯза кор мекунанд, рӯзҳои истироҳат аз 7 сентябр, якшанбе то 9 сентябр давом мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон расман Рӯзи истиқлол, яке аз идҳои асосии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.