Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Афғонистон ҳамдардӣ кард

Date:

Дар робита ба ҷон бохтани 800 кас ва маҷруҳ шудани беш аз 2500 сокини Афғонистон дар пайи заминларзаи шадид дар шарқи ин кишвар, Тоҷикистон ба аҳолии он ҳамдардӣ баён кард.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо нашри як баёния гуфт, "ин ҳодиса боиси андӯҳи амиқи мардуми Тоҷикистон гардид".

“Тоҷикистон бо ибрози таслият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст”, – омадааст дар баёнияи ВКХ.

Бар асари заминларзаи шадиди 6-балла, ки шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр дар шарқи Афғонистон рух дод, тибқи иттилои охир, беш аз 800 кас ҷон бохта, ҳудуди 2500 тани дигар захмӣ шуданд.

Намояндагони “Толибон”* гуфтаанд, қисми зиёди қурбониён дар вилояти дурдасти Кунар ба қайд гирифта шудаанд. Мақомоти вилоят гузориш медиҳанд, ки танҳо дар Кунар 500 кас ҷон бохта ва тақрибан 1000 кас захмӣ шудаанд.

Ин заминларза ба ноҳияҳои Ватапур, Манугӣ, Чапа Дара, Сукӣ ва Норгул низ хисороти ҷиддӣ расонида, биноҳои зиёдеро хароб кардааст.

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо назардошти дар зери харобаҳо мондани теъдоди зиёди одамон, эҳтимоли афзоиши қурбониён вуҷуд дорад. Амалиёти наҷотдиҳӣ ба далели маҳалли душворгузар, харобии роҳҳо ва пулҳо ва қатъи шабакаҳои алоқа бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.

Дар ҳаводиси табии солҳои гузашта кишвари мо ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона фиристода буд. Ҳоло маълум нест, ки дар ин ҳаводис ҳам кӯмакҳо исрол мешаванд ё не.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи “Толибон” тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад.

Тоҷикистон ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохтааст ва бо ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад, вале бо ин вуҷуд ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...