Ба оилаҳои камбизоат бо тартиби нав кумаки моддӣ мерасонанд

Date:

Дар Тоҷикистон тартиби нави расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат тасдиқ шуд. Нусхаи қарор дар пойгоҳи иттилоотии Вазорати адлияи нашр шудааст, ки "Азия-Плюс" дирӯз, 5-уми сентябр бо он шинос шуд.

Кумак ба оилаҳое расонида мешавад, ҳамчун камбизоат эътироф гардида, дар феҳристи гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ёрӣ бо мақсади мусоидат ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо, фароҳам овардани шароит барои таҳсили хонандагон аз оилаи камбизоат ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ расонида мешавад.

Кумак метавонад дар чунин шаклҳо пешниҳод карда шавад:

– сӯзишворӣ;

– маҳсулоти хӯрокворӣ;

– доруворӣ;

– либос;

– пойафзол, аз ҷумла сару либоси расмии хонандагон, ашё ва таҷҳизоти таълимӣ, воситаҳои санитарию гигиенӣ;

– масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи дигари зарурии аввалиндараҷа;

– пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ;

– намудҳои дигари хизматрасонӣ.

Кумаки моддӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои соҳибкорон, эҳсонкорон, шахсони дигари ҳуқуқию воқеӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории  Тоҷикистон манъ накардааст, расонида мешавад.

 

Механизми расонидани кумаки моддӣ

Кумаки моддӣ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ оилаҳои камбизоат дар ҳолатҳое расонида мешавад, ки онҳо ба чунин кумак бо сабабҳои зерин эҳтиёҷ доранд:

– дар натиҷаи офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва ғайра), офатҳои техногенӣ ва дуздии молу мулк ба саломатӣ ё молу мулки онҳо зарари моддӣ расонида шудааст;

– ҳангоми рух додани сӯхтор дар манзили истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасон;

– ҳангоми бемории шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

– ҳангоми нашъаманд будани сарвари оила ва ё тарк намудани оила аз ҷониби падар, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда;

– ҳангоми таваллуди се ва ё зиёда кӯдак;

– ҳангоми аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод шудани аъзои оила, ки муваққатан кор намекунанд;

– ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории амалкунанда муайян намудааст.

Оилаҳои камбизоати дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта барои гирифтани кумаки моддӣ ба ҳукумати маҳалли макони зисташон бо ариза ва замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамоянд:

– маълумотнома оид ба мақоми камбизоатӣ;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома оид ба ҳайати оила;

– ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ҳолатҳои душвори зиндагӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ариза ба комиссияи маҳаллии назди ҳукумати маҳҳалӣ, ки бо мақсади амалисозии механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат таъсис дода шудааст, барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад. Комиссия аризаи пешниҳодшударо дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи корӣ баррасӣ карда, дар сурати тасдиқ гардидани ҳолати душвори зиндагии оилаи камбизоат қарори дахлдор қабул менамояд.

Дар ҳолати зарурӣ аз тарафи комиссияи маҳаллӣ азназаргузаронии вазъи моддию маишии аризадиҳанда (санҷиши эътимоднокӣ) дар манзили истиқоматиаш гузаронида мешавад, ки оид ба натиҷаи он санад тартиб дода шуда, ба он аъзои комиссияи маҳаллӣ имзо мегузоранд.

Кумаки моддӣ бо тартиби муқарраргардида ба ҳар як оилаи камбизоат на бештар аз ду маротиба дар давоми соли тақвимӣ расонида мешавад. Кумакҳои дигар, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба оилаҳои камбизоат расонида мешаванд, бо тартиби мазкур маҳдуд карда намешаванд.

Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат барои гирифтани кумаки моддӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, аз ҷониби мақоми мазкур ё сохторҳои алоқаманди он кумаки моддӣ дар шакли доруворӣ, воситаҳои санитарию гигиенӣ ё хизматрасонии тиббӣ расонида мешавад.

Расонидани кумаки тиббӣ ва таъминот бо доруворӣ ба онҳо мутобиқи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...