Маликаи саҳна ба Душанбе баргашт. Шоми эҷодии устураи рақси тоҷик Малика Қаландарова

Date:

Шоми эҷодии Малика Қаландарова, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва устураи рақси миллии тоҷик таҳти унвони “Хумори ёру диёр” бо иштироки мансабдорони баландпоя, аҳли фарҳанг ва ҳунар ва ҳазорон ҳаводорони мусиқӣ 6-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд. Ин маҳфил пас аз солҳои дарози набудани ин ситораи дурахшон дар зодгоҳаш рӯйдоди фарҳангии муҳим маҳсуб мешуд, ҳарчанд бидуни ҳузури Ҷӯрабек Муродов – ёри ҳунарии қадимаи ин маликаи рақси тоҷик гузашт.

 

Баргашти маликаи саҳна

Ин маҳфил ба истиқболи 75-умин солгарди умри Малика Қаландарова дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор шуд. Ӯ 30 сол боз дар Амрико кору фаъолият дошт ва ин бозгашташ беш аз ҳазор мухлисро ба дидори ӯ овард.

Ҷашнвора бо суруди “Гулҳои Душанбе” ва бо рақси Малика Қаландарова оғоз шуд. Вақте ӯ бо ҳамон ҳаракатҳои нозуки дастон ва ларзишҳои мавзун ба саҳна қадам ниҳод, дар толор сукути пурэҳсос ҳукмфармо гашт ва пас аз он кафкӯбӣ фазоро пур кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Барои тамошои консерт мухлисони зиёд омада буданд.

Суханронии маҳфилро ҳам Малика Қаландарова оғоз кард, ҳарчанд бо забони русӣ гуфтугӯ кард, вале салому каломи ибтидоияш бо забони тоҷикӣ буд. Вай гуфт, “ҳарчанд солҳо боз дар Тоҷикистон набудам, вале ҳамвора қалаб барои ин кишвар метапид, ҳамеша дар ёди зодгоҳам будам”.

“Ин ҷо зода шудам, бори аввал дар ин ҷо ба саҳна баромадам, бори аввал рақсидам, давраҳои тиллоии умрам, бачагиву ҷавониам дар Душанбе сипарӣ шуд”, – бо муҳаббат ёд овард маликаи рақси тоҷик.

Ӯ дар идома таъкид кард, “Тоҷикистон кишвари бениҳоят зебо аст, мардумаш меҳмоннавоз ва дилкушоданд. Ман духтари Тоҷикистон ҳастам, ман духтари Душанбе ҳастам. Аз ин ифтихор мекунам!”.

 

Суруду рақси ҷодуӣ

Дар ин шоми эҷодӣ Малика Қаландарова панҷ бор либоси рақсиашро иваз кард, ки ҳар яке бо рангу нақшу тарҳи хос дошт. Ӯ бо сарояндагони маъруфи тоҷик – Афзалшо Шодиев, Мастона Эргашова, Сурайё Қосимова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Ҷовидон Нозимов ва Лоиқи Давлатманд дар саҳна рақсид. Ансамблҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” низ дар ин ҷашни ҳунарӣ ширкат варзиданд.

Тамара Катаева, сарояндаи номдори ансамбли эстрадии “Гулшан”, ки ӯ ҳам солҳо дар Амрико зиндагӣ мекард, меҳмони вижаи ин маҳфил буд. Ӯ гуфт, “бениҳоят шодам, ки боз ба шаҳри худам, назди азизонам баргаштам” ва дар васфи Малика Қаландарова суруди маъруфи “Гулдухтарони тоҷик”-ро хонд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мастона Эргашева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳор дошт, “хурсандам, ки дар саҳна бо Маликаи рақс суруд мехонам” ва як суруди рақсиву як шашмақом сароид.

Ин маҳфилро Афзалшо Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, гарм кард ва танҳо ӯ чанд суруди зинда хонд. Ӯ ёдовар шуд, ки бо Малика Қаландарова 17 сол дар як дастаи ҳунарӣ фаъолият дошт ва таъкид кард, ки ӯ “ифтихори санъати тоҷик аст”. Дар идома Шодиев суруди шашмақомии “Соқӣ, магар аз базми ҳаё дар задаӣ боз”-ро сароиду Малика Қаландарова бо ҳамон ларзишҳои дилнишин рақсид.

Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳамроҳи духтараш Шабнами Сураё, инчунин Ҷовидон Нозимов ва Лоиқи Давлатманд, писарони овозхонони маъруф Зафар Нозим ва Давлатманд Хол низ ин шомро рангинтар гардониданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қадршиносии расмӣ

Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, “Малика Қаландарова маликаи саҳнаи тоҷик аст ва боиси шодмонист, ки дубора ба ватан ва ба саҳнаи тоҷик баргаштааст”.

Ӯ аз номи вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ба Малика Қаландарова номаи табрикотӣ супорид, ки дар он омада буд:

“Бо заҳмати софдилона, истеъдоди нотакрор ва муҳаббати бепоён ба санъати рақс саҳми беназир дар рушди фарҳанги миллӣ гузошта, анъанаҳои ноби ҳунари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардед. Рақсҳои Шумо натанҳо зебоии санъати миллии тоҷикро таҷассум, балки ҳамчун мактаби ҳунарӣ барои даҳҳо насли ҷавон хидмат мекунад”.

Фарзанди Борис Кимёгаров, коргардони шинохтаи тоҷик ба писари Малика Қаландарова дар саҳна ҷомаи тоҷикӣ пӯшонда, гуфт, бигзор пули фарҳангии онҳо бо тоҷикон беш аз пеш фарохтар гардад.

Рафаел Никтаров, рӯзноманигори яҳудӣ низ бо забони тоҷикӣ гуфт, “Тоҷикистон Маликаро малика кард. Мо ин ҷо мусофир ҳастем, аммо Малика мусофир нест, ӯ аз они халқи тоҷик аст”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Набудани Ҷӯрабек Муродов эҳсос шуд

Дар ин шоми пуршукӯҳ набудани Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ эҳсос мешуд. Ҳатто худи Малика Қаландарова ва ровиёни маҳфил талош карданд, ки ҷое номи Ҷӯрабек Муродов бурда нашавад. Малика Қаландарова аз ҳамкориҳояш бо Зафар Нозим ва Одина Ҳошим, ду овозхони маъруфи тоҷик, ёд кард, вале аз Ҷӯрабек Муродов номе бурда нашуд.

Ҳол он ки Ҷӯрабек Муродов ва Малика Қаландарова мисли “ширу шакар” буданд ва бо сурудҳои Ҷӯрабек Муродов ва рақсҳои Малика Қаландарова чанд насл хотира доранд. Ба вижа бо суруди “Зулайхо”.

Дар зимн, вақте қисми поёнии маҳфил омад, аз толор даҳҳо мухлис садо баланд карда, хостанд, суруди “Зулайхо” пахш шавад ва Малика Қаландарова рақси мор кунад, вале ин хоста шунида нашуд.

Ҳамкории Ҷӯрабек Муродов ва Малика Қаландарова як сафҳаи дурахшон дар китоби таърихи фарҳанги тоҷик аст. Худи Малика дар мусоҳибаи охиринаш бо ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” аз ҳамкориҳо бо ин устоди санъат ёдовар шуда, ҳикоя кардааст: “Шахсан ман ба Ҷӯрабек маслиҳат додам, ки барномаҳое бояд ташкил кунем, ки ширу шакар бошанд. Он кас қабул карданд. Ҳамин тавр ба чанд суруди Ҷӯрабек рақс омода кардам. Аз ҷумла, “Сапеда” ва “Шишта будам ними шаб” миёни мардум зиёд шӯҳрат пайдо кард”.

“Баъдан рақс дар ҳавои суруди “Азизи дилам, Зулайхо” тавлид шуд. Ҳар вақте ки дар консертҳо ҳунарнамоӣ мекардем, ҳама бо як овоз “боз, боз!” гӯён толорро ба по мехезонданд”, – гуфтааст Малика Қаландарова.

Ба қавли Ҷӯрабек Муродов ва Малика Қаландарова, онҳо дар соҳои 80-уми асри гузашта натанҳо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҷамоҳири шӯравӣ ва ҳатто берун аз он сафарҳои зиёди ҳунарӣ доштаанд.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Чанде аз зиндагиномаи маликаи рақси тоҷик​​​​​​​

Малика Қаландарова, ки 2-юми сентябри соли 1950 дар Душанбе дар оилаи яҳудиёни бухороӣ таваллуд шудааст, дар тарихи санъати тоҷик чун яке аз барҷастатарин раққосони тоҷик ном гирифтааст.

Ӯ аз соли 1965 дар дастаи ҳаваскорон рақсро оғоз кард, сипас ба ансамбли машҳури “Лола” пайваст ва дар зери роҳбарии Ғаффор Валаматзода корашро идома дод.

Ҳунари Малика Қаландарова на танҳо дар марзҳои Тоҷикистон, балки дар Шарқу Ғарб ҳам эътироф ёфтааст. Ӯ рақсҳои тоҷикии "Духтари хандон", "Шодиёна", "Баёти панҷ", "Гули бахт"-ро бо истеъдоди баланд иҷро намуда, инчунин рақсҳои халқҳои дигар – ҷопонӣ, туркӣ, русӣ, ҳиндӣ, испанӣ, хоразмӣ ва арабиро низ аз худ кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Малика Қаландарова дар бештари ҳолатҳо либосҳои саҳнавии худашро медӯхт, ки ин амал ба рақсҳояш рангу наққошии хос мебахшид. Ҳаракатҳои мавзун, дилпазир ва ҷаззоби ӯ бо услуби хоса иҷро мешуданд.

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ, Малика Қаландарова ба Ню-Йорки Амрико ҳиҷрат кард ва то кунун дар он ҷо зиндагӣ дорад. Ӯ дар Амрико “Мактаби байналмилалии рақси Малика”-ро бунёд гузошт ва духтаронро рақсҳои тоҷикӣ ёд медиҳад.

Малика Қаландарова, ғайр аз унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (1984), инчунин соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1984) аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...