Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеъона маҳкум кард

Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро “таҷовуз ба тамомияти арзӣ”-и ин кишвар дониста, онро қотеъона маҳкум кард.  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми сентябр, дар баёнияе зарбаҳои мушакии Исроил ба шаҳри Давҳаро “нақзи возеҳи қонуни байналмилалӣ ва унсурҳои бунёдии Оинномаи Созмони миллали муттаҳид” донист. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ҳамла “ташаннуҷи вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаи […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро “таҷовуз ба тамомияти арзӣ”-и ин кишвар дониста, онро қотеъона маҳкум кард. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми сентябр, дар баёнияе зарбаҳои мушакии Исроил ба шаҳри Давҳаро “нақзи возеҳи қонуни байналмилалӣ ва унсурҳои бунёдии Оинномаи Созмони миллали муттаҳид” донист.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ҳамла “ташаннуҷи вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаи Ховари Миёнаро афзоиш медиҳад”.

"Тоҷикистон ҳамеша истифодаи роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидро ҳамчун абзори муассир барои ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо ҷонибдорӣ мекунад",- омадааст дар баёния.

Ёдрас мешавем, ки Исроил рӯзи 9-уми сентябр Исроил ба як бинои маскунӣ дар Давҳаи, ки гуфта мешавад, тими музокиракунандаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос он ҷо қарор доштааст, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Артиши Исроил  гуфт, ҳадафи щамла роҳбарони гурӯҳи Ҳамос аст.

Ҳамос гуфт, 5 нафар аз аъзояш дар ин ҳамла кушта шудаанд, аммо талоши Исроил барои террори музокиракунандагони Ҳамос шикаст хӯрдааст. Қатар ин ҳамларо “ҷиноят ва буздилӣ” хонда, гуфт, ҳаққи посух ба ин ҳамлаи ошкорои Исроилро маҳфуз медорад. 

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, миёни кушташудагон Холид Машъал, яке аз роҳбарон ва масъули равобити хориҷии Ҳамос низ ҳаст. Исроил 28 сол пеш, соли 1997 ҳам талош карда буд Машъалро дар Урдун кушад. Аммо то ҳол дар маврид куштори роҳбарони Ҳамос маълумоти тасдиқшуда ироа нагардидааст. Ҳамос ва Исроил ҳам аз кушташудагон ном набурдаанд.

Ин ҳамлаи Исроил боиси вокунишҳои тунди кишварҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла муттаҳидони аврупоии ин кишвар шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.