Бо ёрии молии Аморот сохта шуд. Тақдими хона ба 10 оилаи камбизоат дар Ховалинг

Дирӯз, 11-уми сентябр, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг калиди 10 хонаи истиқоматиро ба оилаҳои камбизоат ва бесаробон супоридааст. Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилоят ба “Азия-Плюс” гуфт, ин хонаҳо дар деҳаи Айлодараи ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо ёрии молии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд гардидааст. “Хонаҳо ба […]

Asia-Plus

Дирӯз, 11-уми сентябр, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг калиди 10 хонаи истиқоматиро ба оилаҳои камбизоат ва бесаробон супоридааст.

Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилоят ба “Азия-Плюс” гуфт, ин хонаҳо дар деҳаи Айлодараи ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо ёрии молии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд гардидааст.

“Хонаҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ умр ба сар мебаранд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ афзуд, ҳар як хона аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, ҳар кадом бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Хонаҳо бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, шароити муносибро барои зиндагии арзанда фароҳам меоранд.

Ба қавли сухангӯи раиси вилоят, Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур додааст, ки минбаъд низ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, махсусан таъмин кардани оилаҳои осебпазир бо манзили зист тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамасола ба Тоҷикистон дар бунёди хонаҳо, сохтмони роҳҳо ва дигар корҳои хайриявӣ ёрӣ мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки АМА тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” ҳоло барои 25 оилаи эҳтиёҷманди ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент хонаҳои дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд карда истодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.