ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 18 СЕНТЯБР
– Имрӯз, дар Душанбе дуввумин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – 2025" (DITE-2025) ба кори худ оғоз мекунад. Намоишгоҳи аз 18 то 20-уми сентябри доир гардида, дар он зиёда аз 200 ширкату ташкилот аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ, ҷумла тиҷорат дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, сайёҳии фарҳангӣ ва тиббиро намояндагӣ мекунанд, ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин намоишгоҳ, Форуми сармоягузории байналмилалӣ ба бахши сайёҳӣ аҳти унвони “Тағйирёбии иқтисод тавассути сармоягузориҳои стратегӣ ба сайёҳӣ” доир мегардад, ки дирӯз оғоз шуда буд. Он имрӯз ҳам давом карда, дар он масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мешавад.
– Имрӯз дар Душанбе дуюмин рӯзи баргузории 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар робита ба ҳолатҳои фавқулода аст. Дар он намояндагони Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ин ҷаласа дирӯз оғоз шуда буд.
– Имрӯз дар Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Беларусия, Украина, Англия ва Канада Симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар доираи ин чорабини 19-уми сентябр дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор фестивал намоиши “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ” дар назар дошта шудааст.
– Имрӯз соати 14:00 дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80 солагии устод Гулназар маҳфили шеъру суруд баргузор мешавад. Ҳаводорони шеъри шоир метавонанд ширкат варзанд. Даромад озод аст.
– Дар театри драмавии шаҳри Бохтар намоиши “Бемории зӯракӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Чиптаҳоро аз хазинаи театр метавонед дастрас намоед.
– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 СЕНТЯБР
2008 – Дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки раисҷумҳур Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии мамлакатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
2010 – Дар Душанбе Намоиши байналмилалии “Фазои дӯстӣ” баргузор гардид.
2015 – Дар Душанбе анҷумани якуми вакилони дифои Тоҷикистон баргузор шуд.
2018 – Дар Хоруғ аввалин дармонгоҳи хусусӣ кушода шуд.
2019 – Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломии кишвар – ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатнома дод.
2019 –Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳодисаи 16-уми сентябр, ки 3 сарҳадбони тоҷик кушта шуданд, техникаи ҷангӣ ва низомиёнро аз минтақаи муноқиша – ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Қирғизистон берун карданд.
ШАХСИЯТҲО
1912 – Мавлуди Мирзоқурбон Солиев, ғижжакнавозӣ маъруф ва сарояндаи "Шашмақом".
1923 – Мавлуди Мағфират Каримова, сиёсатмадори тоҷик, собиқ муовини якуми вазири маорифи Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои 1956-1961.
1937 – Мавлуди Саидхон Аҳмадов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика.
1960 – Зодрӯзи Равшани Ҳамроҳ, адиби тоҷик.
Равшан Ҳамроҳ баъди хатми мактаби 8 солаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Таҳсилоти касбиро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд гирифта, то ба ҳол ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст.
Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ мерасанд. Муаллифи маҷмӯаҳои “Гарди ситора” , “Оҳанги бедорӣ”, “Андешаҳо аз решаҳо”, “Ташнаи дидор”, “Забони чашм”, ”Тафсири фиғони мурғ” мебошад. Як маҷмӯаи ашъори ҳаҷвӣ дорад, ки бо номи “Витамини ханда” чоп шудааст.
Муаллифи чанд рисолаи илмию методӣ ҳам мебошад.
Сабки Равшан Ҳамроҳ ғолибан лирикӣ буда, шеъру ғазалҳояш пур аз танзу зарофати нозуканд. Ӯ дар ғазал инчунин ибораҳои фарҳангитаборро бо диди тоза ва пухта истифода мекунад. Аз назари танқидӣ, баъзе шеъраш дорои калимаҳоест, ки шояд барои баъзе хонандагон бегона намоянд, вале шоир бо малакаи суханварӣ тавонистааст онҳоро шево ва муътадил истифода барад
1986 – Зодрӯзи Сарвиноз Маҷидзода, вакили парлумон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) даъвати VI ва даъвати VII.
Ӯ Доникадаи соҳибкориро хатм намуда фаъолияти касбии худро ҳамчун Ходими хурди илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кардааст. Дар Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон то аз соли 2009 то соли 2020 фаъолияти худро идома дода, баъди ин вакили парлумон интихоб шудаст.
2010 – Субҳон Раҳматов, наттоқи радио ва телевизион дар 76 солагӣ даргузашт.
Субҳон Раҳматов, устоди каломи бадеъ, наттоқи радио ва телевизиони тоҷик Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд ва факултаи забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самарқандро хатм кардааст.
Соли 1956 ба Душанбе меояд ва умри худро бо ин шаҳр пайваста, тӯли даҳсолаҳо ба ҳайси наттоқи гуфторҳои бурунмарзии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Тоҷикистон (1956-59), муҳаррир, муҳаррири пешбари барномаҳои радио (1959-69), сармуҳаррири барномаҳои саноату сохтмон (1969-71), сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион (1971-76), сармаъмури кулли барномаҳои радиои ҷумҳурӣ (1976-87), наттоқи дараҷаи олӣ (1987-95), мудири шӯъбаи наттоқони радио (1995-03), мушовири директори генералии ширкати Радиои “Ватан” (2003-10) кор мекунад.
18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Аз соли 2003 инҷониб, 18-уми сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии мониторинги об таҷлил мегардад. Ин ҷашни экологӣ, ки бо ташаббуси Бунёди оби тозаи Амрико таъсис ёфтааст, ҳоло ба як барномаи иттилоотӣ-маърифатӣ табдил ёфтааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти захираҳои обии сайёра ва иштирок дар ҳифзи он аз ифлосшавӣ нигаронида шудааст.
Чорабинии анъанавии ин рӯз гирифтани намунаҳои об аз обанборҳои гуногуни сайёра барои арзёбии сифат ва бехатарии он барои ҳаёти одамон ва организмҳои зинда мебошад.
18 сентябри соли 1947 дар Амрико Идораи марказии иктишофӣ (ЦРУ) таъсис дода шуд, ки як ниҳоди ҳукумати федералии Амрико буда, вазифаи асосии он ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар бораи фаъолияти ҳукуматҳо, созмонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. ЦРУ мақоми асосии иктишофии хориҷии Амрико аст.
Қариб аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, Идора ба гузаронидани амалиётҳои махсус, ки баъзан ба амалиёти воқеии ҳарбӣ шабоҳат доштанд, машғул буд. Фаъолияти КҲИ бар ду дастури муҳим асос ёфта буд: амалиётҳо бояд пинҳонӣ бошанд ва тавре гузаронида шаванд, ки ҳукумат метавонад иштироки худро дар онҳо рад намояд.
18 сентябр ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии китобҳои элетронӣ таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн соли 2014 аз ҷониби ширкати амрикоии “OverDrive” бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба китобҳои электронӣ таъсис ёфтааст. Мақсади ин рӯз тарғиби шакли навъи китобҳо аст, ки дар формати электронӣ имкони бо худ доштани як китобхонаи бузургро медиҳад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 14+19º гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, шабона 14+16º гарм, рӯзона 27+29º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, шабона 9+11º гарм, рӯзона 25+27º гарм мешавад.


