“Истиқлол”-и Душанбе дар Риёз аз “Ан-Наср” шикаст хӯрд

Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиёро бо бохт оғоз кард. Ин даста дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд. Бозии дастаҳо шаби гузашта дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз доир шуд. Голҳои дастаи мизбонро Абдурраҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум, Анжело Габриэл дар дақиқаи […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиёро бо бохт оғоз кард. Ин даста дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.

Бозии дастаҳо шаби гузашта дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз доир шуд.

Голҳои дастаи мизбонро Абдурраҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум, Анжело Габриэл дар дақиқаи 17-ум, Уэсли Гассова дар дақиқаи 59-ум, Кингсли Коман дар дақиқаи 88-ум ва Садио Мане дар дақиқаи 90+4-ум заданд.

Дар ин дидор Криштиану Роналду, ҳамлавари маъруфи дастаи "Ан-Наср" ширкат накард.

Дар бозии дигари гурӯҳи "D" дастаи "Аз-Завра"-и Ироқ дар сафар "Гоа"-и Ҳиндустонро бо натиҷаи 2:0 мағлуб кард.

Ҳамакнун, пас аз анҷоми даври аввал дар ин гурӯҳ "Ан-Наср" ва "Аз-Завра" бо 3 имтиёзӣ дар ҷойҳои якум ва дуюм қарор гирифтанд. "Истиқлол" ва "Гоа" пас аз шикаст бидуни имтиёз ду зинаи охирро касб карданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 рӯзи 1-уми октябр "Истиқлол" дар Душанбе бо "Гоа" дидор анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Аммо ба далели натиҷаи бади “Истиқлол” ва “Равшан” дар мавсими гузаштаи ин мусобиқа, сар аз мавсими 2026/2027 ягон даста аз Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ширкат намеварзад. Дар ин мавсим танҳо як даста – қаҳрамони Лигаи олии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.