ИМА ба Тоҷикистон 75 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) барои дастгирии тақрибан 40 ҳазор аҳолии осебпазир ба Тоҷикистон 75 тонна ба маблағи 255 ҳазору 666 доллар ғизо кумак кардааст. Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ғизои мазкур, ки дар шаҳри Лаббоки аёлати Техас аз ҷониби ширкати "Breedlove Foods" истеҳсол шудааст, омехтаи ғизоии наск, биринҷ ва сабзавотро дар бар мегирад, ки бо […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) барои дастгирии тақрибан 40 ҳазор аҳолии осебпазир ба Тоҷикистон 75 тонна ба маблағи 255 ҳазору 666 доллар ғизо кумак кардааст.

Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ғизои мазкур, ки дар шаҳри Лаббоки аёлати Техас аз ҷониби ширкати "Breedlove Foods" истеҳсол шудааст, омехтаи ғизоии наск, биринҷ ва сабзавотро дар бар мегирад, ки бо витамину минералҳои муҳим ғанӣ гардонида шудааст.

Ин кӯмаки ғизоӣ ба зиёда аз 140 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, муассисаҳои равонпизишкӣ, марказҳои бемории саратонон ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим карда мешавад.

Тақсимоти ин кумаки ғизоӣ таҳти назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии мубориза бо бемории сил ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмар сурат мегирад.

"Ҳадафи муштараки мо наҷоти ҳаёт, беҳтар кардани саломатӣ ва расонидани кумаки воқеӣ ба оилаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад", – гуфтааст сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер.

Аз соли 2007 инҷониб ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2,2 млн доллар 1000 тонна кумаки ғизоӣ   кардааст. Ин ташаббус тавассути ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва шарикони калидӣ, аз ҷумла ташкилоти гайриҳукуматӣ "Авесто" ва ташкилоти гайриҳукуматии амрикоии "Resource and Policy Exchange" амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио