Дар Тоҷикистон аз 1 октябр низоми нави анҷоми расмиёти гумрукӣ роҳандозӣ мешавад

Анҷоми расмиёти воридот ва содироти молу маҳсулот, инчунин воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз 1 октябри соли равон тариқи низоми иттилоотии “АСИКУДА” ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад. Иқдоми мазкур “иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамисозии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Анҷоми расмиёти воридот ва содироти молу маҳсулот, инчунин воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз 1 октябри соли равон тариқи низоми иттилоотии “АСИКУДА” ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иқдоми мазкур “иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамисозии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ” маънидод мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин робита, ҷиҳати муносибгардонии назорати гумрукӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз молворидкунандагон дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мазкур манзур намудани маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ на дертар аз 2 соат қабл аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад.

“Гузариш ба истифодабарии низоми иттилоотии “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, анҷоми расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро мегирад”, – шарҳ додаанд дар Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, низоми нав ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

“Иқдоми мазкур як марҳилаи муҳим дар самти рақамисозии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад”, – илова шудааст дар хабари Хадамот.

Низоми худкор (автоматӣ)-и коркарди маълумоти гумрукӣ (ASYCUDA) як воситаи компютерӣ барои назорат ва маъмурисозии идоракунӣ дар гумрук аст.

Низоми мазкур аз ҷониби Конфронси СММ оид ба савдо ва рушди ЮНКТАД таҳия шуда, айни замон дар 80 кишвар муваффақона мавриди истифода қарор гирифтааст.   

ASYCUDA ба худкор гардонидани мониторинги амалиёти гумрукӣ ва назорати самараноки ҷамъоварии андозҳои гумрукӣ имкон медиҳад, зеро ин низом ба таври худкор сабтҳоро санҷида, андозҳоро ҳисобу китоб мекунад ва ҳамаи он чизи марбут ба ҳар як эъломияро бо дахолати ҳадди камтарини субъективии омили инсонӣ ба инобат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.