Эмомалӣ Раҳмон бо барномаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда шинос шуд

Дар Тоҷикистон "Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030" таҳия шуд. Барнома рӯзи 29-уми сентябр дар маҷлиси ҳукумат, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар пешниҳод шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ изҳор дошт, ки барномаи мазкур барои […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон "Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030" таҳия шуд. Барнома рӯзи 29-уми сентябр дар маҷлиси ҳукумат, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар пешниҳод шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ изҳор дошт, ки барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии оби ҶТ барои давраи то соли 2040 таҳия шудааст.

Давлатзода зикр кард, ки дар натиҷаи амалисозии барнома имконият фароҳам мегардад, ки майдони 11,8 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд ва 16 750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Барномаи нави давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шавад.

Дар баробари ин ба сохторҳои давлатии масъул дастур дода шуд, ки аз натиҷаи корҳо ва оид ба рафти иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳо ҳар сол ба ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намоянд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар бораи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 гузориш дод.

Ӯ зикр кард, ки “санад барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла рафъи монеа ва маҳдудиятҳо дар гирифтани таҳсилот ва фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадили онҳо мусоидат менамояд”.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи ҷараёни амалисозии Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 маълумот дод. Ҳадаф аз татбиқи Стратегия тақвият бахшидани низоми тайёрии касбии аҳолии қобили меҳнат, рушди таълими касбии аҳолии қобили меҳнат ва омода намудани захираҳои меҳнатии ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар зарурӣ унвон шуд.

Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2028) Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо изҳори назар кард.

Дар ин марҳила гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ дар самти иқтисоди “сабз” пешбинӣ шудааст.

Баъди баррасӣ аз руи стратегияҳо ва нақшаи амали номбаршуда қарорҳои дахлдори ҳукумат қабул гардида, шахсони масъул барои амалисозии саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳо гирифтанд.

Иштирокчиёни маҷлис инчунин лоиҳаи қонунҳоро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2025”, “Кодекси ҶТ дар бораи тандурустӣ”, инчунин Нақшаи генералии шаҳри Хоруғро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.