Леонид Слутский, раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия пешниҳод кардааст, ки нафақаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба таври доимӣ дар Русия иқомат доранд, бекор карда шавад. Ӯ ҳадафи тасмимашро "коҳиши фишор ба буҷети федералӣ" унвон кардааст.
Хабаргузории "Газета.ru" аз қавли Слутский навиштааст, ки “Русия айни замон давраи масъулиятнокро паси сар мекунад. Амалиёти махсуси ҳарбӣ (СВО), демография ва дигар мушкилот маблағҳои бузургро талаб мекунанд. Ин ҷо ҳар як тин ба ҳисоб гирифта мешавад”.
Ӯ гуфтааст, хориҷиёне, ки дар рушди кишвар саҳм нагузоштаанд, ба пардохтҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ надоранд.
Дар ҳоле, ки ба таъкиди вай, нафақахӯрони Русия маблағҳои начандон зиёд мегиранд, шаҳрвандони хориҷие, ки бархеашон “Русияро чашми дидан надоранд”, аз дастгирии иҷтимоӣ бархӯрдоранд.
Аз ин ҳизб гуфтаанд, ки пешниҳоди пардохтҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷирон беасос буда, бояд қатъ карда шавад ва бекор намудани чунин пардохтҳо ба кам кардани сарборӣ ба системаи нафақа ва ба сурати умум, буҷети давлат кумак мекунад.
Мувофиқи маълумоти Слутский, соли 2024 афзоиши сафи муҳоҷират дар Русия ҳудуди 600 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нишондиҳандаи ҳадди ниҳоӣ тайи 30 соли ахир мебошад.
Дар навиштаи шарҳи ташаббус зикр мегардад, ки тайироти пешниҳодшуда ба ҳифзи системаи нафақа аз уҳдадориҳои зиёдатӣ равона шудааст.
Айни замон нафақаҳо дар Русия таснифбандӣ (индексатсия) мешаванд: соли 2024 болоравӣ 7,5% ва соли 2025 – 14,75%-ро ташкил дод. Ҳозир нафақаи миёна ба 15 ҳазору 456 рубл баробар аст.
Тибқи қонунгузории амалкунанда, агар шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ на камтар аз 15 сол дар қаламрави Русия иқомат дошта, ба синни нафақа расанд (70 солагӣ барои мардон ва 65-солагӣ барои занон), ба гирифтани нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Бино ба маълумоти баҳисобгирии муҳоҷират, то 1-уми сентябри соли 2024 дар кишвар зиёда аз 6,1 млн нафар шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.


