Метавон гуфт, ки сафар ба Арабистони Саудӣ барои бозигарон ва мураббиёни дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бобарор анҷом ёфт, зеро ҳарчанд онҳо ду бозии дӯстонаро ба соҳибони майдон бохта бошанд ҳам, лекин имкон пайдо карданд, ки маросими ҳаҷро адо кунанд.
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти сарварии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона гузаронид. Вохӯриҳо дар шаҳри Абҳаи ин кишвар доир гардида, бо ғалабаи футболбозони араб (1:0 ва 3:0) анҷом ёфтанд.
Бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ барои футболбозони ҷавони тоҷик яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошанд. Дар мусобиқаи даври интихобӣ дар гуруҳи “I”, ки аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дастаи Тоҷикистон бо тимҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат мекунад.
Ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мегардад, ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини зинаҳои дуюм роҳ меёбанд.
Дар ҳамин ҳол, пас аз анҷоми бозиҳои дӯстона ҳамаи ҳайати даста барои адои маросими ҳаҷ ба Макка, ки дар 60 километрии шимоли шаҳри Абҳа воқеъ аст, раҳсипор шуданд. Ба футболбозони ҷавони тоҷик хушбахтӣ насиб гардид, ки ин сафарашон ба мавсими адои ҳаҷи фарзӣ дар Арабистони Саудӣ рост омад.
Ҳоҷӣ унвони ифтихории мусулмоне мебошад, ки бомуваффақият маросими ҳаҷро дар Макка анҷом додааст.
Соли 2022 низ дар мусобиқаи Ҷоми дорандагони Ҷомҳои Осиё “Регар-ТадАЗ (шаҳри Турсунзода) бо дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ду бозӣ гузаронида, дар ҳар ду бозӣ ҳам шикаст хӯрд, лекин ҳамаи ҳайати даста бо унвони “ҳоҷӣ” ба хонаҳояшон баргаштанд.
Имсол “Истиқлол” (Душанбе) дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар Арабистони Саудӣ ширкат варзида, дар гуруҳ зинаи охиринро ишғол намуд. Пас аз анҷоми мусобиқа ҳамаи футболбозон дар Каъбаи муқаддас маросими ҳаҷҷи умраро адо карданд.