Оғози ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулии “Дурахшандагон”. Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Date:

Ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулӣ (стипендия)-и президентии “Дурахшандагон”, ки тариқи он метавон ройгон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кард, оғоз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти стипендия аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз шуд ва то 30-юми апрели соли 2026 идома меёбад.

Дар ин бора аз Маркази “Дурахшандагон” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Супоридани ҳуҷҷатҳо барои тамоми зинаҳои таҳсил – бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ оғоз гардид.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 пешниҳод кунанд.

Барои сабтином ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

– нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;

– маълумотнома дар бораи доғи судӣ;

– маълумотномаи тиббӣ;

– маълумотномаи наркологӣ;

– маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);

– маълумотнома дар бораи Вирӯси норасоии масунияти одам (ВНМО)(ВИЧ/СПИД);

– тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом);

– расид аз “Амонатбонк” (120 сомонӣ);

– сертификати донистани забони хориҷӣ;

 – як сурати андозаи 3×4 см.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ гуфтанд, ки ҳоло миқдори квотаи пешбинигардида барои соли таҳсили 2026-2027 муайян нашудааст.

Тибқи иттилои ин марказ соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 квотаи президентии “Дурахшандагон” барои довталабони тамоми зинаҳои таҳсилот ва коромӯзон пешниҳод гардида буд, аммо танҳо ба 77 донишҷӯи зинаи бакалавриат квота дода шуд. 

Намояндагони ин марказ қаблан гуфта буданд, ки соли 2025 барои довталабони зинаҳои магистратура, докторантура ва коромӯз стипендияи “Дурахшандагон” пешниҳод нашудааст. Сабаби инро шарҳ надоданд.

Бояд гуфт, стипендияи “Дурахшандагон” барои таҳсили донишҷӯён ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад. Низомномаи ин стипендия донишҷӯёни тоҷикро уҳдадор мекунад, ки баъди хатми таҳсил панҷ сол дар ниҳоде, ки дархост гардида буд, фаъолият кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...