Оғози ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулии “Дурахшандагон”. Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулӣ (стипендия)-и президентии “Дурахшандагон”, ки тариқи он метавон ройгон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кард, оғоз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти стипендия аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз шуд ва то 30-юми апрели соли 2026 идома меёбад. Дар ин бора аз Маркази “Дурахшандагон” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Супоридани ҳуҷҷатҳо барои тамоми зинаҳои таҳсил – […]

Ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулӣ (стипендия)-и президентии “Дурахшандагон”, ки тариқи он метавон ройгон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кард, оғоз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти стипендия аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз шуд ва то 30-юми апрели соли 2026 идома меёбад.

Дар ин бора аз Маркази “Дурахшандагон” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Супоридани ҳуҷҷатҳо барои тамоми зинаҳои таҳсил – бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ оғоз гардид.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 пешниҳод кунанд.

Барои сабтином ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

– нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;

– маълумотнома дар бораи доғи судӣ;

– маълумотномаи тиббӣ;

– маълумотномаи наркологӣ;

– маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);

– маълумотнома дар бораи Вирӯси норасоии масунияти одам (ВНМО)(ВИЧ/СПИД);

– тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом);

– расид аз “Амонатбонк” (120 сомонӣ);

– сертификати донистани забони хориҷӣ;

 – як сурати андозаи 3×4 см.

Аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ гуфтанд, ки ҳоло миқдори квотаи пешбинигардида барои соли таҳсили 2026-2027 муайян нашудааст.

Тибқи иттилои ин марказ соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 квотаи президентии “Дурахшандагон” барои довталабони тамоми зинаҳои таҳсилот ва коромӯзон пешниҳод гардида буд, аммо танҳо ба 77 донишҷӯи зинаи бакалавриат квота дода шуд. 

Намояндагони ин марказ қаблан гуфта буданд, ки соли 2025 барои довталабони зинаҳои магистратура, докторантура ва коромӯз стипендияи “Дурахшандагон” пешниҳод нашудааст. Сабаби инро шарҳ надоданд.

Бояд гуфт, стипендияи “Дурахшандагон” барои таҳсили донишҷӯён ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад. Низомномаи ин стипендия донишҷӯёни тоҷикро уҳдадор мекунад, ки баъди хатми таҳсил панҷ сол дар ниҳоде, ки дархост гардида буд, фаъолият кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.