spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Имкони ҷалби маблағҳои Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун”

Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) дар ҳамдастӣ бо Комиссияи Аврупо рӯйи муайян кардани шароит ва имконоти маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” кор мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари кории марказии Бонк.

Дар посухи хаттии БАС гуфта мешавад, айни замон ин кор “дар марҳилаи пешакии арзёбии лоиҳа қарор дорад”.

“Қарори ниҳоии мо ба иҷрои як қатор шартҳои пешакӣ бо шумули кафолати лоиҳа, харид ва дигар таркибҳои ниҳоят муҳим барои лоиҳа вобаста аст”, – изҳор шудааст дар посух.

Ҳамчунин дар дафтарии кории Бонк, муҳимияти муайян кардани “таъсири имконпазири лоиҳа дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон” – кишварҳои ҳамсоя зикр мешавад.

“БАС лоиҳаҳоро ҳам аз лиҳози пешниҳоди машваратҳо ва ҳам аз тариқи маблағгузории дарозмуҳлат дастгирӣ намуда, инчунин грантҳои Иттиҳоди Аврупо бо маблағгузории БАС якҷоя амалӣ шуда метавонанд”, – таъкид мекунанд дар Бонк.

Дар посухи БАС муҳимияти амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” чунин зикр мешавад, ки он ба “ҷудо кардани вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз сӯзишвории истихроҷӣ” кумак карда, ба “бунёди сарчашмаи тоза, устувор ва барқароршавандаи электроэнергия” мусоидат менамояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон зикр шуд, ки Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба нақша гирифтааст, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад.

Намояндаи расмии ИА гуфтааст, сабаби асосии нияти ба сармоягузори асосӣ табдил ёфтани Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар он аст, ки ““Тоҷикистон ва ҳамсояҳои ӯ аз вобастагӣ ба энергияи Русия раҳо шаванд”.

Чанде пеш муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишастии хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷалби захираҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун гуфтушунид дорад.

Ба гуфтаи Шоимзода, ҳозир дар бораи як маблағи мушаххас чизе гуфтан барвақт аст, зеро ҷараёни гуфтушунид ҳоло ба охир нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он ба идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазорати энергетика: Масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз Аврупо барои сохтмони Роғун дар ҳоли баррасист

Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад. Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.

Айни замон ду гидроагрегати неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.

Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...