Истифода накардан аз мошинҳои шахсӣ, пулакӣ кардани роҳҳои марказӣ ва сохтани метро. Муовини шаҳрдорӣ сабабу омилҳои тамбашавӣ ва роҳҳои халосӣ аз онро гуфт

Date:

Муовини шаҳрдори Душанбе пешниҳод кардааст, ки барои бартараф кардани тамбашавӣ дар пойтахт, истифодаи мошинҳои шахсӣ маҳдуд гардад ва барои ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои марказӣ маблағ ситонида шавад. Ӯ дар мақолае вазъу сабабҳои тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахтро таҳлил намуда, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кардааст.

Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе сабабҳои асосии тамбашавӣ дар роҳҳоро, аз ҷумла ба афзоиши мошинҳои шахсӣ, аз берун ворид шудани мошинҳо ба пойтахт, васеъ набудани роҳҳо, шумори зиёди таксиҳо ва чароғакҳои роҳнамо арзёбӣ кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳмиддин Саломзода

 

Ҳаракати ҳудуди 160 ҳазору 500 нақлиёт дар як рӯз

Ба таъкиди ӯ, яке аз сабабҳои тамбашавӣ, ин афзоиши ҳамасолаи мошинҳои шахсӣ дар пойтахт аст, ки ба иттилои ӯ, дар соли 2024 қариб ба 145 ҳазор расидааст, ки нисбат ба соли 2021 (87 ҳазору 442 нақлиёт) 65% бештар  аст.

Ӯ иқрор шудааст, ки маҳдудият дар хатсайрҳо ва аз меъёр зиёд будани сокинон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ боиси он шудааст, ки шаҳрвандон аз мошинҳои шахсӣ истифода баранд.

Омили дигар ба гуфтаи ӯ, шумораи зиёди мошинҳое, ки аз берун ба пойтахт ворид мешаванд. Ба иттилои вай, дар як шабонарӯз ҳудуди 44 ҳазору 548 мошин аз ба Душанбе ворид мешаванд ва ҳамарӯза дар роҳҳои пойтахт ба ҳисоби миёна ҳудуди 160 ҳазору 500 мошин ҳаракат мекунанд.

Саломзода таъкид кардааст, ки тамбашавӣ инчунин, бо сабаби васеъ набудани роҳҳо, таваққуфи ғайриқонунӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани истгоҳҳои нақлиётӣ, зиёд будану дуруст кор накардани чароғакҳои роҳнамо ва гузаргоҳҳои пиёдагард ба вуҷуд меояд.

“Дар маҷмуъ, 9750 воситаи нақлиёт дар як соат маълум кард, ки ҳаракати аз ҳама сершиддат дар чорроҳаи Айни – Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст. Шиддатнокии ҳаракат дар соатҳои аввали рӯз (7:30 – 9:00) ва бегоҳӣ (16:30 – 18:30) хеле баланд аст. Таксиҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ тақрибан 20 – 30%-ро ташкил медиҳанд”,-навиштааст номбурда.

Ба таъкиди номбурда, шумораи аз меъёр зиёди чорроҳаҳо низ боиси танбашавӣ мегардад.

“Шаҳрҳои муосир бо шабакаи мураккаби роҳҳо ва чорроҳаҳо муайян карда мешаванд. Чорроҳаҳо – нуқтаҳои буриши роҳҳо – дар ташкили ҷараёни ҳаракат нақши калидӣ доранд. Вале вақте шумораи онҳо зиёд ё нодуруст танзим шуда бошад, метавонанд ба танбашавии шадиди ҳаракат оварда расонанд”, – гуфтааст ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Ӯ пешниҳод кардааст, ки дар чорроҳаҳо чароғакҳои “ҳушманд” насб шавад то ҷараёни ҳаракат бо дарназардошти зичии роҳ танзим гардад. Ба иттилои расмӣ, дар пойтахт 203 – чароғаки роҳнамо ва 54 – гузаргоҳи пиёдагард бе чорроҳа мавҷуд аст.

 

Чаро тамбашавӣ рух медиҳад?

Муовини Рустами Эмомалӣ навиштааст, ки бо ҷорӣ гардидани таваққуфгоҳҳои пулакӣ сокинон маҷбур мешаванд, ба ҷои мошини шахсӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Ӯ ба бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрошёна дар маркази шаҳр ва маҳдуд кардани таваққуф дар бархе минтақаҳо таъкид кардааст.

“Зиёд шудани шумораи таксиҳо, бахусус таксиҳои ғайриқонунӣ, яке аз омилҳои асосии танбашавии роҳҳо дар шаҳрҳо мебошад. Танзими самаранок, рақамисозии хизматрасонӣ ва назорати ҷиддии давлатӣ метавонад ба коҳиши таъсири манфии ин раванд мусоидат намояд”,- гуфтааст ӯ.

Муовини шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки набудани хати алоҳидаи ҳаракат барои автобусу троллейбусу микроавтобусҳо сабаби дигари тамбашавӣ аст. Ӯ гуфтааст, хатҳое, ки дар бархе роҳҳои пойтахт махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ муайян шудааст, бо сабаби набудани назорат ва ҷарима аз сӯи дигар нақлиёт истифода мешавад.

 

Сохтмони метро соли 2028 оғоз мешавад

Раҳмиддин Саломзода инчунин гуфтааст, ки набудани метро, трамвай, монорелс ва роҳи ресмонӣ ба афзоиши танбашавии доимӣ дар роҳҳо таъсир мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҷорӣ намудани чунин воситаҳои нақлиёт, ҳам суръати ҳаракат ва ҳам сифати зиндагии сокинон беҳтар мешавад.

“Дар соли 2025 анҷоми таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз он корҳои дақиқи лоиҳакашӣ оғоз меёбанд. Тибқи нақшаҳо, сохтмони хатти аввалини метро дар солҳои 2028 то 2033 амалӣ мегарданд”,-гуфтааст номбурда.

Бояд гуфт, метро дар Душанбе зеризаминӣ мешавад ва ба иттилои расмӣ аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи ҷанубӣ) ба марказ – то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад.

 

Аз маҳдуд кардани мошинҳои шахсӣ то сохтмони метро

Ин масъули шаҳрдорӣ якчанд роҳҳои пешгирӣ аз тамбашавиро бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои дигар пешниҳод кардааст, аз ҷумла маҳдуд кардани истифодаи мошинҳои шахсӣ, зиёд кардани нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти маблағ барои ҳаракат дар роҳҳои марказӣ ва сохтани метро, трамвай, чорроҳаҳои бисёрқабата, ҷорӣ кардани низомҳои зеҳнии идоракунии нақлиёт ва ташкили инфрасохтори зарурӣ ва дастгирии намудҳои алтернативии нақлиёт – дучархаронӣ ва пиёдагардӣ.

Инчунин ӯ гуфтааст, ки теъдоди таваққуфгоҳҳо кам ва арзиши онҳо боло бурда шавад.

“Танҳо бо якҷоя кардани рушди инфрасохтор, такмили нақшакашии шаҳрӣ, тарғиби нақлиёти ҷамъиятӣ ва истифодаи технологияҳои муосир метавон ба беҳтаршавии вазъи ҳаракати нақлиёт ва баланд гардидани сифати зиндагии шаҳрвандон ноил шуд”,-гуфтааст ӯ.

Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.

Мақомот ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, таъмири баъзе роҳҳо ва риоя накардани қоидаҳои ҳаркат дар роҳ аз сӯи ронандагон марбут медонанд. Ҳарчанд барои кам кардани он чораҳо меандешанд, вале тавре дида мешавад ҳоло ҳама бенатиҷа аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...