ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 16:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Хирс” ба саҳна гузошта мешавад. Он аз рӯйи асари нависандаи рус АнтонЧехов таҳия шуда, бо коргардонии Шервонӣ Толибов бо забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта барои вуруд ва тамошо 30 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 11:00, дар “Боғи Ирам” чорабинии “Табобат бо санъат” барои духтарон баргузор мешавад. Дар он иштироки ҳамаи духтарон имконпазир буда, метавонанд истеъдоди эҷодии худро нишон диҳанд.
Барои иштирок 30 сомонӣ бояд пардохт кард. Ба ин маблағ ҳамаи чизҳои лозима – лавҳаи расмкашӣ, рангҳо, мӯқалам ва танаффус барои қаҳванӯшӣ дохил мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1960 – Заводи таҷҳизоти барқӣ бо шиддати паст дар Адрасмон ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2010 – Дар шаҳри Душанбе нахустин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 2011 – Меҳмонхонаи панҷситорадори “Серена”-и Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2012 – Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ шуд.
Соли 2016 – Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният аз нав сабти ном кардани тамоми SIM-кортҳои қаблан фурӯхташударо оғоз карданд.
Соли 2017 – Ҷарроҳони тоҷик аввалин маротиба дар кишвар ба кӯдаке, ки ҳамагӣ 3 килограмм вазн дошт, амалиёти ҷарроҳии дил анҷом доданд.
Соли 2019 – Бо Фармони президенти Тоҷикистон шӯъбаи амнияти Додситонии кул барҳам дода шуд.
Соли 2022 – Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сохтмони парки технологии инноватсионӣ оғоз гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1939 – Зодрӯзи Баҳром Фирӯз, шоир, нависанда ва публитсисти тоҷик.
Баҳром Фирӯз аз зумраи нависандагонест, ки осораш дар сабки воқеъгароёна ва дар заминаи далелу арқом ва ҳодисаҳои рӯзмарраву тарҷумаиҳолӣ таълиф шудаанд.
Ӯ фаъолияти худро аз омӯзгорӣ дар Институти давлатии педагогии Ленинобод оғоз карда, сипас дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, газетаи “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, нашриёти “Маориф”, газетаи “Маданияти Тоҷикистон”, нашриёти “Адиб” кор кардааст.
Баҳром Фирӯз ба адабиёт бо таълифи шеър қадам ниҳода, чанд маҷмуаи ашъор низ таълиф кардааст. Бо навиштани ҳикояаш “Бобо” ӯ ба эҷоди наср шурӯъ кард ва сипас дар қатори нависандагони забардаст мақом гирифт.
Повести “Рухсора”, китоби қиссаву ҳикояҳои “Ту танҳо не”, ҳикояҳои “Ҳақиқати талх”, “Аз арш то фарш”, “Тору пуд”, “Агар вай мард мебуд”, “Пеш аз шаби арӯсӣ”, “Муаллими сахтгир” маҳсули эҷоди ин нависандаанд.
Баҳром Фирӯз дар солҳои бозсозӣ ва истиқлоли Тоҷикистон фаъолияти бештари иҷтимоӣ нишон дод. Романи нотамоми “Ғафлатзадагон” ва маҷмуаи “Хотираи як муҳаббат” киноя ва танқиди сахтест нисбат ба вазъи ноҳинҷори ҷомеаи шӯравӣ.
Ӯ дар тарҷумонӣ низ дасти қавӣ дошта, матни қариб 50 филми бадеиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Баҳром Фирӯз 25-уми сентябри соли 1994 дар синни 54 ҷаҳонро тарк кард.
Соли 1937 – Нусратулло Махсум, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ дар 56-солагӣ кушта шуд.
Нусратулло Махсум яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи сиёсии Тоҷикистон ва аз поягузорони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст. Ӯ дар марҳилаҳои пурталотуми сиёсӣ, барои гузоштани заминаи давлатдории тоҷикон пайваста талош кард ва номаш дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Ӯ дар солҳои инқилоби якуми Русия (1905–1907) дар ҳаракатҳои корпартоӣ ва намоишҳои коргарони шаҳри Қӯқанд фаъолона иштирок кард. Бо суқути аморати Бухоро дар натиҷаи инқилоби халқии соли 1920, Н. Махсум ба сафи муборизони роҳи ҳокимияти шӯроҳо пайваст ва дар таҳкими давлатдории нав дар Бухорои Шарқӣ саҳм гузошт. Дар солҳои 1921–1923 ба ҳайси вакили Кумитаи озуқаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро фаъолият кард ва дар таъмини аскарони Сурх, инчунин дар мубориза бо босмачиён дар минтақаҳои Ғарм ва Душанбе ширкат варзид.
Сипас, ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи марказии Бухорои Шарқӣ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.
Нусратулло Махсум 1-уми декабри 1926, дар Анҷумани муассисони Шӯроҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх якдилона ба ҳайси раиси Комитети Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ин вазифа то моҳи декабри соли 1933 адои хизмат кард.
Мутаассифона, ӯ низ дар гирдоби таъқиботи сиёсӣ ва мавҷи “душмантарошӣ”-и солҳои 1937 ба дасти золимон афтод ва 1-уми ноябри 1937 ба қатл расонида шуд. Танҳо баъди солҳои тӯлонӣ, дар моҳи декабри соли 1958 бегуноҳ эълон гардид. 27 июни соли 2006 ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Номи ӯ дар асъори миллии 200-сомонӣ дар Тоҷикистон ҳак шудааст.
Соли 1939 – Мавлуди Бисабоат Исмоилова, муаррих, доктори илмҳои таърих ва профессор.
Соли 1943 – Зодрӯзи Умрибой Баҳриев, мутриб, ҳофиз, оҳангсоз, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Умрибой Баҳриев аз намояндагон ва меросбарони анъанаҳои ҳавзаи ҳунарии Зарафшон буда, ҳунари навозандагию сарояндагиро назди донандагони мактаби иҷроии Самарқанду Панҷакент омӯхтааст. Ӯ солҳо мутриби дастаи навозандагон ва қариб 40 сол, аз соли 1961–2000 роҳбари бахши мусиқӣ ва директори Театри халқии шаҳри Панҷакент буд. Аз соли 2000 роҳбари бадеии ансамбли мақомсароёни “Навои Панҷакент” аст.
Умрибой Баҳриев бо сабки классикӣ суруд мехонад ва дар иҷрои жанри “Шашмақом” равиши вижаи худро дорад. Ӯ беш аз 150 суруду мусиқӣ эҷод кардааст, ки “Ҷоми дигар”, “Хатчӯб”, “Гулчини мақом” аз ин қабиланд. Ӯ дар саҳнаи Театри халқии шаҳри Панҷакент низ чанд нақш офаридааст.
Соли 1948 – Мавлуди Сироншоҳи Диловар, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1951 – Зодрӯзи Садбарг Қосимова, раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1952 – Мавлуди Асрори Сомонӣ, нависанда, тарҷумон ва адабиётшиноси тоҷик.
Соли 1957 – Мавлуди Саид Каримов, биолог, доктори илмҳои биологӣ, профессор.
Соли 1964 – Зодрӯзи Сарвиноз Ҳоҷиева, мусаввири тоҷик, узви Конфедератсияи байналмилалии рассомони Тоҷикистон.
Соли 2019 – Мадиброҳим Норматов, забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор дар 81-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Мадиброҳим Норматов яке аз забоншиносони саршиноси тоҷик буда, чандин китобу дастурҳои забоншиносӣ таълиф намуддааст. “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (қисмати синтаксис), ки китоби рӯйимизии забоншиносон ва омӯзгорон маҳсуб меёбад, заҳмати ин олими тоҷик аст. Ҳамчунин ӯ муаллифи китобҳои “Муқаддимаи забоншиносӣ”, “Забоншиносии умумӣ” ва даҳҳо китобу мақолаҳо дар ин соҳа аст.
Соли 2024 – Маҳмадсафар Муродов, овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар 66-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 1-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гиёҳхӯрон (веганҳо) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба тарзи ҳаёти солим, эҳтиром ба табиат ва муҳофизати ҳуқуқи ҳайвонот бахшида шудааст.
Веганҳо гурӯҳе мебошанд, ки на танҳо аз истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти баҳрӣ даст мекашанд, балки ягон навъи маҳсулоти ҳайвонот, аз ҷумла тухм, шир, асал ва равғани ҳайвонотро низ истеъмол намекунанд. Онҳо инчунин либос аз чарм, пашм, пӯст ё абрешим намепӯшанд ва маҳсулотеро, ки дар ҳайвонот санҷида шудаанд, намехаранд.
1-уми ноябри соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи “Ювентус” таъсис ёфт. Ин даста аз ҷониби гурӯҳи донишомӯзони литсейи Массимо Д’Адзелио, ки вақти холии худро бо бозии футбол мегузаронданд, таъсис ёфтааст. Бузургтарини онҳо ҳамагӣ 17-сола буд, аз ин рӯ, клубро “Ювентус”, ки маънои “ҷавонӣ”-ро дошт, номгузорӣ карданд.
Дар оғози фаъолияташ касе гумон намекард, ки ин гурӯҳи кӯчаки дӯстдорони футбол ба яке аз машҳуртарин ва пурифтихортарин дастаҳои футболи ҷаҳон табдил меёбад. “Ювентус” ягона клуб дар Аврупо аст, ки аз Ҷоми Интертото то Лигаи Қаҳрамонҳо ва Ҷоми байниқитъавӣ, ҳама мусобиқоти даставиро бурдааст.
1-уми ноябри соли 1941 миёни Амрико ва Канада, дар болои Ниагара, пули машҳури Рангинкамон ба истифода дода шуд. Ин макон яке аз пурҷозибатарин манзараҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Бо зиёд шудани шумораи сайёҳон дар асри XIX, зарурати сохтани пули устувор барои гузаштан аз рӯди Ниагара ба миён омад ва аввалин пули пиёдагард дар ин ҷо соли 1848 аз ҷониби архитектор Чарлз Эллет бунёд шуд. Сипас, соли 1855 Ҷон Роблинг, ки баъдтар Пули Бруклинро дар Ню-Йорк сохт, пули овезони нав тарҳрезӣ кард.
Ин пул соли 1886 бо пули Лефферт Бак, ки аз металл ва санг сохта шуда буд, иваз гардид. Ниҳоят, 1-уми ноябри соли 1941, пули нави муосир – Рангинкамон ба истифода дода шуд. Он барои ҳаракати мошинҳо ва пиёдагардон пешбинӣ шуда, номи худро аз камонранге, ки ҳамеша дар болои обшор намоён аст, гирифтааст.
1-уми ноябр инчунин ҳамчун Рӯзи пешгӯӣ аз рӯйи дурдаи қаҳва ҷашн гирифта мешавад. Пайдоиши ин анъана дақиқ маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки аз Шарқ сарчашма мегирад. Беш аз ҳафт аср қабл султонҳо ва шахсони сарватманд аз хидмати пешгӯикунандагони дурдаи қаҳва истифода мекарданд. Ҳатто дар Перу ва баъдтар дар Аврупо низ ин анъана маъмул гардид.
Дар асри XVI ин навъи пешгӯӣ дар Англия ва баъдан дар дигар кишварҳои аврупоӣ паҳн шуд. Итолиёвиҳо бар онанд, ки ин навъи пешгӯӣ аз давраи Рими қадим маълум буд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва хокбориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-20º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 13+15º гарм.


