Аз “Нури Истиқлол” то “Дар орзуи шавҳар”. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии асарҳои драмавӣ маълум шуданд

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии асарҳои драмавӣ маълум шуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Ҷумъа Қуддус барои драмаи "Нури Истиқлол" дар ин озмун сазовори ҷои якум гардид. Ҷойи дуюм ба Абдувадут Файзиев барои драмаи мазҳакавии "Дар орзуи шавҳар" дода шуд. Ҷойи сеюмро Нарзулло Шарифов барои драмаи "Доми ғафлат" соҳиб шуд. Ҳамчунин, […]

Asia-Plus

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии асарҳои драмавӣ маълум шуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Ҷумъа Қуддус барои драмаи "Нури Истиқлол" дар ин озмун сазовори ҷои якум гардид. Ҷойи дуюм ба Абдувадут Файзиев барои драмаи мазҳакавии "Дар орзуи шавҳар" дода шуд. Ҷойи сеюмро Нарзулло Шарифов барои драмаи "Доми ғафлат" соҳиб шуд.

Ҳамчунин, драмаҳои "Нури мино"-и Ато Ҳамдам, "Яке рафту саг ҷакид"-и Шодӣ Солеҳ ва "Муқовимат"-и Абдуғаффори Абдуҷаббор сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ба гуфтаи Вазорати фарҳанг, ҷоизаҳо дар Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола 7-уми ноябр таҷлил мешавад, ба ғолибон тақдим мегарданд. Андозаи мукофотҳои пулӣ чунин муқаррар шудаанд:

Ҷои аввал: 10 ҳазор сомонӣ

Ҷои дуюм: 8 ҳазор сомонӣ

Ҷои сеюм: 6 ҳазор сомонӣ

Ҷойҳои ифтихорӣ: 3 ҳазор сомонӣ.

Озмуни мазкур аз моҳи март то сентябри соли ҷорӣ давом кард. Ба он 19 асари драмавӣ пешниҳод шудааст.

Мутобиқи маълумоти Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории ин озмун рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.

Асарҳои ғолибон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба табъ расида, барои таҳия ба театрҳои касбии ҷумҳурӣ тавсия дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки солҳост ҳунармандон аз адами драмманависи хуб нигаронӣ доранд ва яке аз сабабҳои набудани намоишномаи хубро ба ин рабт медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи театри тоҷик ҳар сол 7-уми ноябр таҷлил мешавад. Ин рӯз ба ёдбуди таъсиси Театри академии драмаи ба номи Аболқосим Лоҳутӣ дар соли 1929 бахшида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.