Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафар кории худ ба вилояти Суғд аз шаҳри Конибодом боздид намуда, бо шароити кору зиндагии мардум аз наздик шинос шуд ва дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ иштирок кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (кӯдакистони “Зангӯла”) иштирок кард.
Бинои нави кӯдакистон барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, дар зарфи як сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 млн сомонӣ сохта шудааст.
Дар идома сарвари давлат ба фаъолияти ҶДММ “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшид. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад.
Фабрикаи парандапарварӣ дорои чор бино буда, дар ин ҷо имкон аст, дар як давра 100 ҳазор ва дар панҷ давра, яъне давоми як сол 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш карда шавад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов боздид намуда, деҳоти Куҳандиëр хати оби полезиро ба истифода дод ва бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос шуд.
Хати оби полезӣ барои обëрӣ намудани беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Деҳоти Куҳандиëр аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолу мебошад. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.
Дар деҳаи Маданияти ҳамин деҳот бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.
Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Муассисаи нав барои таҳсили 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар идома сарвари давлат ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК “Конибодом” расман оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 млн сомонӣ сохта шуд.
Коргоҳ аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ коркарди 4 тонна меваи хушк дар як шабонарӯз мебошад.
Инчунин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” мавриди истифода қарор гирифт. Ин маркази дилхушии кӯдакона дар масоҳати 0,42 гектар сохта шудаааст.
Сохтмони боғи кӯдаконаи “Кайҳон” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов сурат гирифтааст. Арзиши иншоот, ки тарҳи муосиру замонавӣ дорад, 3 млн 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Боғи “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар сохта шудааст.
Ғайр аз ин, дар маркази шаҳри Конибодом бо иштироки президент бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳр ба истифода дода шуд. Бинои мазкур 4 ошёна буда, барои қабули 60 нафар пешбинӣ гардидаааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои ташхису табобати дақиқу саривақтии бемориҳои чашм ва асаб шароити хуби табобат муҳайё мебошад.
Дар Конибодом президент ҳамчунин дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Мактаб барои қабули 1000 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Муассисаи таълимии тозабунёд дорои 29 синфхона, 4 ҳуҷраи кории омӯзгорон, кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ошхона барои 75 нафар, маҷлисгоҳ барои 260 нафар, толори варзишӣ, китобхона ва бойгонӣ мебошад.
Сарвари давлат бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро низ ба истифода дод. Мувофиқи лоиҳа бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои кормандон ҳамаи шароити корӣ муҳайё аст.
Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Зикр мешавад, ки то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.
Дар идом Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим кард.
Маҷмаа аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст. Он дар масоҳати 0,21 гектар ҷойгир буда, барои қабули 300 нафар дар як вақт омода мебошад. Дар Маҷмаа 30 нафар бо кори доимӣ таъмин ва он бо харҷи зиёда аз 6 млн сомонӣ сохта шудааст.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон