Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои ИДМ дар Маскав

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 18 ноябр дар шаҳри Маскав доир гардид, иштирок кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию […]

Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 18 ноябр дар шаҳри Маскав доир гардид, иштирок кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо давлатҳои аъзои СҲШ самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад. Мувофиқи пешгӯиҳо, дар соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 8,2% пешбинӣ гардида, дар ҳамин ҳол, аз се ду ҳиссаи гардиши моли хорҷии ҷумҳурӣ ба шарикон аз СҲШ рост меояд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа сарвазири ҷумҳурӣ таъсиси платформаи ягонаи рақами барои идораи ҳамлу нақлҳои мултимодалиро пешниҳод намуд, ки ба беҳбуди самаранокии логистикаи фаромарзӣ имкон медиҳад. Ҳамчунин даъват шуд, ки табодули донишҷӯён густриш ёфта, ба ҳамкории мутақобила дар бахшҳои иннооватсия, саноат ва кишоварзӣ тақвият бахшида шавад.

Қоҳир Расулзода зикр кард, ки Тоҷикистон бо ба ӯҳда гирифтани раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2026 саъю кӯшиши худро ба навсозии минбаъдаи стратегии рӯзномаи иқтисодии Созмон равона хоҳад кард.

Гуфта мешавад, баъд аз анҷоми ҷаласа президенти Русия Владимир Путин сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 17-18 ноябр дар пойтахти Русия таҳти раёсати нахуствазири ин кишвар Михаил Мишустин баргузор шуд. Ин ҷаласа чорабинии хотимавӣ буд, ки дар давраи раёсати Русия дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо солҳои 2024-2025 доир гардид.

Созмони ҳамкории Шанхай 10 кишвари аъзоро муттаҳид мекунад: Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.