Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ – аз 13,25% то ба 13,5%-и солона боло бурд.
Дар қарори Кумитаи сиёсати пуливу қарзии Бонки миллӣ, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд, гуфта мешавад, меъёри навшуда аз имрӯз, 22 август амал мекунад.
Бонки миллӣ шарҳ медиҳад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши фишори таваррум ва нигаҳдории нарху тарифҳо дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок қабул шудааст.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.
Сатҳи таварруми солона (аз моҳи июли соли 2021 то моҳи июли соли 2022) 8,3%-ро ташкил дод, ки 0,3 банди фоизӣ болотар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби қиматшавии маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 2,1% ва таърифа (тарифҳо) ба хизматрасоии пулакӣ ба аҳолӣ – 1,3% боло рафт.
Меъёри тавррум имсол бори нахуст боло меравад. Соли 2021 он чор маротиба боло рафта буд: аз 11% дар моҳи феврал то 13,25% дар моҳи октябр.
Меъёри бозтамвил чист?
Меъёри бозтамвил фишанги калидии танзими амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.
Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.
Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.