Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад. Дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ширкат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бюо як ҳайати ҳукуматӣ барои иштирок дар ин ҷаласа ба шаҳри Бишкек рафт.

– Дар меҳмонхонаи "Hayat Regency"-и Душанбе намоиши Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (Tajikistan fashion week) оғоз мешаванд. Лоиҳаи мавсими 15-уми ин намоиш аз ганҷҳои "Oxus", ки дар "Тахти Сангин" кашф шудаанд, илҳом гирифта шудааст. Намоиш соати 18:00 оғоз мешаванд. Нархи чиптаҳо аз 200 то 500 сомонӣ аст. Чиптаҳоро дар echipta.tj дастрас кардан мумкин аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Хоруғ ба таври қонунӣ мақоми шаҳрро гирифт.

Соли 1963 – Дар Душанбе комбинати равғанбарорӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2006 – Тоҷикистон саҳмияҳои худро аз ширкати “Калинҳои Қайроққум” ба музояда баровард.

Соли 2010 – Шоҳроҳи Дӯстӣ – Панҷи Поён, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, пас аз бозсозӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2023 – Дар Душанбе “Муколамаи амниятии Ҳирот” баргузор гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Бароат Ҳоҷибоева, олим, доктори илмҳои педагогика.

Соли 1936 – Зодрӯзи Раҳим Марупов, доктори илмҳои техникӣ.

Соли 1956 – Мавлуди Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтиёр Худоёрзода

Бахтиёр Худоёрзода беш аз чаҳор даҳсола дар бахши ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ фаъолият дорад. Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар мақомоти додситонӣ оғоз кардааст. Дар ин давра ӯ аз ёрдамчии додситон то муфаттиши додситонии ноҳияи Роҳи Оҳан (Шоҳмансури ҳозира) кор карда, баъди хидмати ҳарбӣ соли 1985 муфаттиши парвандаҳои муҳим дар назди Додситони кулли Тоҷикистон таъин шуд. Аз соли 1986 то 1992 ӯ раиси Додгоҳи шаҳри Кофарниҳон (Ваҳдати ҳозира) буд.

То соли 1998 ҳамчун муовини вазири адлия ва муовини аввали раиси Додгоҳи иқтисодии ҷумҳурӣ кор карда, соли 1998 раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон таъин шудааст.

Аз соли 2006 ӯ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гузашта, дар мақоми мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон фаъолият кард ва ҳамон сол ба вазифаи вазири адлия таъин шуд.

Баъдан, роҳбари дастгоҳи Президенти Тоҷикистон буд ва аз соли 2016 раёсати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Соли 1960 – Зодрӯзи Рустам Латифзода, вакили парлумони Тоҷикистон, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Латифзода

Рустам Латифзода вакили феълии пардумони кишвар буда, раисии кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва заминро ба зимма дорад.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт-Петербург бо ихтисосҳои муҳандиси гидротехник ва муҳандиси эколог буда, солҳои зиёд дар коргоҳҳои сохтмонӣ ва соҳавӣ ҳамчун усто, инженер ва муҳандиси калон фаъолият кардааст.

Баъдан дар Кумитаи давлатии ҳифзи табиат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ дар вазифаҳои масъул будааст. Ӯ аз ҷумла муовини аввали вазири ҳифзи табиат, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва директори маркази илмии ҳифзи захираҳои об буд.

Латифзода аз соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон аст. Ӯ аз соли 2014 инҷониб раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон аст.

Мусоҳибаи бо Рустам Латифзода пиромуни кору фаъолияти худ ва ҳизбаш, инчунин, барномаи пешазинтихоботиаш дар интихоботи парлумонии охир дар ин матлаби "Азия-Плюс" мутолиа кунед: “Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?

Соли 1990 – Худоёр Юсуфбеков, собиқ ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон дар 61-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

27-уми ноябри соли 1971 модули фурудояндаи “Марс-2” аввалин бор дар таърих ба сатҳи сайёраи Марс расид. Гарчанде фуруд номуваффақ анҷом ёфт, худи расидан ба сатҳи Марс як қадами бузург дар омӯзиши кайҳон буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин дастгоҳ дар таркиби маҷмааи кайҳонии “Марс-2” қарор дошт, ки 19-уми майи соли 1971 аз космодроми Байконур бо ракетаи “Протон” ба кайҳон ирсол шуд. Парвоз зиёда аз шаш моҳ давом карда, он то ба масофаи 1380 км ба Марс наздик шуд.

Ҳангоми фуруд ба сайёра, дар дастгоҳи идорӣ хатои барномавӣ рух дод ва модул бо кунҷи нодуруст ба сатҳи Марс афтода, осеб дид ва нобуд шуд. Бо вуҷуди ин, модули фуруд ба унвони аввалин дастгоҳи сохтаи инсон, ки ба сатҳи Марс расид, дар таърих сабт гардид.

27-уми ноябри соли 1895 дар шаҳри Париж Алфред Нобел, химик, муҳандис, ихтироъкор ва созандаи динамит нусхаи охирини васиятномаи худро имзо кард. Дар ин васиятнома Нобел таъкид намуд, ки қисми зиёди дороии ӯ бояд барои таъсиси як бунёд истифода шавад. Ин фонд вазифадор буд, ки ҳар сол барои пешрафтҳои бузург дар физика, химия, физиология ва тиб, адабиёт, инчунин барои хизматҳои арзанда дар самти таҳкими сулҳ, ҷоизаҳо тақдим кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мутобиқи васиятнома, ҷоизаҳои илмӣ ва адабӣ дар Суед (Шветсия) ва Ҷоизаи сулҳ дар Норвегия супорида мешаванд. Бо ҳамин таърихи Ҷоизаи Нобел оғоз ёфт.

Як сол пас аз имзои васиятнома, 10 декабри соли 1896, Алфред Нобел дар Италия аз сактаи дил вафот кард. Баъдан ин рӯз ба ҳайси Рӯзи Нобел эътироф гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 24-26º сард, рӯзона 2-7º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...