Эҳсоси дунёи ҳунар. Рӯзи дарҳои боз дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон

Рӯзҳои 29-30-уми ноябр дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир гардид. Ин як имкони хубе арои шиносоии наздик бо асарҳои рассомнони муосир ва харидории расми писандида буд. Дар ин рӯзҳо, дар Академия фазои идонаи пур аз рангҳои дурахшон ҳукмфармост буда, бӯй ва таровати рангҳо ба машом мерасид. Ҳамаи устохонаҳои рассомон бо меҳмоннавозӣ боз буданд ва бинандагонро […]

Анна Мифтахова, Шаҳноза Мустафоқулова, Asia-Plus

Рӯзҳои 29-30-уми ноябр дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир гардид. Ин як имкони хубе арои шиносоии наздик бо асарҳои рассомнони муосир ва харидории расми писандида буд.

Дар ин рӯзҳо, дар Академия фазои идонаи пур аз рангҳои дурахшон ҳукмфармост буда, бӯй ва таровати рангҳо ба машом мерасид. Ҳамаи устохонаҳои рассомон бо меҳмоннавозӣ боз буданд ва бинандагонро истиқбол мекарданд. Ҳар касе, ки мехост ба олами санъати тасвирӣ ғӯта занад, на танҳо метавонист асарҳои тайёрро тамошо кунад, балки раванди офаридани асарҳои навро низ мушоҳида намояд.

Дар намоиш беш аз офаридаҳои зиёда аз 20 рассом дар самтҳои гуногуни мусаввирӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар ин ҷо асарҳо бо мавзӯъҳои гуногун ва барои ҳар завқ пешниҳод шуда буданд.

Ҳамчунин, расмҳои нодири мозаикӣ аз сангҳои ороишӣ буданд, ки мустақиман дар устохонаҳо дар дастгоҳҳои махсус коркард шуда, бо заҳмати зиёд ба тасвирҳои зебо ҷамъоварӣ мегарданд.

Дар ин ҷо бо корҳои Фурқат Карамхудоев, Дилмурод Шарипов, Мақсуд Мирмуҳаммадов, Пайрав Гулов, Парвина Гулова, Илёс Мамадҷонов, Эраҷ Олимов ва дигарон аз наздик шинос шудан мумкин буд. Ҳамчунин, асарҳои рассоми маъруф Вафо Назаров, ки моҳи январи соли гузашта аз дунё гузашт, ба намоиш гузошта шуда буданд.

Барои бисёре аз рассомон Академия на танҳо ҷои кор, балки хонаест, ки дар он зиндагӣ карда, офаридаҳои нодири худро эҷод мекунанд.

Рӯзҳои дарҳои кушода бо ташаббуси директори Академияи мусаввирӣ Олимхон Рабизода ва бо дастгирии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон панҷумин сол аст, ки баргузор мегардад. Дар ин рӯзҳо ҳар кас метавонад бо равандҳои зиндаи эҷод шинос шавад ва ҳамзамон рассомони маъруфро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намояд. Зеро ҳар як расме, ки писанд меояд, метавонад зеби хонаи шумо гардад ё тӯҳфаи нодир бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.