Ду медали ҷудокорони тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam 2025”

Дар мусобиқоти силсилаи “Тоскулоҳи бузург”-и Абу Забӣ (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 28-30-уми ноябр доир гардид, ҷудокорони тоҷик ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд. Медали нуқраро Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг ва медали биринҷиро Суннатулло Мӯсоев дар вазни 81 кг ба даст оварданд. Дар марҳилаи сеюми рақобат Асадуллоев бо […]

Алексей Корчагин, махсус барои для Asia-Plus

Дар мусобиқоти силсилаи “Тоскулоҳи бузург”-и Абу Забӣ (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 28-30-уми ноябр доир гардид, ҷудокорони тоҷик ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд.

Медали нуқраро Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг ва медали биринҷиро Суннатулло Мӯсоев дар вазни 81 кг ба даст оварданд.

Дар марҳилаи сеюми рақобат Асадуллоев бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳидоятӣ Ҳайдаров аз Озарбойҷон дастболо шуд, ки натиҷаи ғайриинтизор ва барои ҷудокори ҷавони тоҷик хуб маҳсуб меёбад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҷудокорони зерин низ шомил буданд:

Меҳрзод Сӯфиев (60 кг),

Абӯбакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду – 81 кг),

Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду – 90 кг),

Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду – 100 кг).

Онҳо дар даврҳои аввал ё нимаи рақобатҳо ба бохт дучор гардида, аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.

Ҳамин тариқ, ҷудокорони тоҷик ин мусобиқоти байналмилалиро бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ҷамъбаст карданд.

Дар мусобиқа ба сурати умум 373 ҷудокор аз 52 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бо касби 2 медал дар зинаи 14-ум қарор гирифт. Фонди мукофотпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод: ба ғолиб 5 ҳазор, дорандаи медали нуқра – 3 ҳазор ва биринҷӣ – 1 ҳазору 500 евро тақдим шуд.

Ғайр аз ин, ҷоизадорон мутаносибан 1000, 700 ва 500 имтиёз дар радабандӣ ба даст оварданд, ки мустақиман ва ба мавқеъҳояшон дар ҷаҳон ва роҳ ёфтан ба мусобиқиҳои калидии мавсими соли оянда таъсир мерасонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.