Рӯзи ироаи Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон маълум шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имсол паёми солонаи худро рӯзи 16-уми декабр, соати 10:00 ба парлумони кишвар ироа мекунад. Дар ин бораи фармони президент рӯзи 26-уми ноябр имзо шудааст. “Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 декабри соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад”, -омадааст дар […]

Asia Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имсол паёми солонаи худро рӯзи 16-уми декабр, соати 10:00 ба парлумони кишвар ироа мекунад. Дар ин бораи фармони президент рӯзи 26-уми ноябр имзо шудааст.

“Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 декабри соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад”, -омадааст дар фармон.

Дар санад сабаби даъвати ҷаласаи якҷояи ҳарду палати парлумон зикр нашудааст. Вале чанд манбаъи “Азия-Плюс” аз ҳукумати кишвар ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон тибқи анъана паёми солонаашро ба палумон ва аҳолии кишвар ироа мекунад.

Дар паёми имсолаи сарвари давлат ба парлумони кишвар чун солҳои пешин рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, мақсадҳои авлавиятдор дар соли дигар муайян мешаванд.

Зимни маҷлис ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, паёми раиси ҷумҳурро ҳамасола ходимони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо дар толори муассисаҳояшон тамошо мекунанд.

Маросими ироаи паёмро ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар ба таври зинда пахш менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 то инҷониб раиси ҷумҳур пайваста охири моҳи декабр паёми солонаи худро ба парлумон ироа мекунад. Танҳо дар соли 2020 он рӯзи 26-уми январи соли 2021 сурат гирифта буд.

Паёми президенти Тоҷикистон, ки ҳамасола дар бинои “Кохи Сомон” мегузашт. Соли қаблӣ нахустин маротиба дар бинои нави парлумон, ки бо маблағгузории Чин сохта шудааст, баргузор шуд. Имсол ҳам паём дар ин бино баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.