Дар Деваштич “лимит”-и барқ боиси сӯхтори манзил шудааст

Маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли барқ дар кишвар боиси сар задани сӯхтор дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Деваштичи Суғд шудааст. Зарари оташгирӣ 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Ёрибеки Ҷонибек, сардори идораи сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ҳодиса 26-уми ноябр дар манзили Фаррух Рустамов, сокини 44-сола деҳаи Эшонқурғон, ҷамоати […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли барқ дар кишвар боиси сар задани сӯхтор дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Деваштичи Суғд шудааст. Зарари оташгирӣ 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора Ёрибеки Ҷонибек, сардори идораи сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ҳодиса 26-уми ноябр дар манзили Фаррух Рустамов, сокини 44-сола деҳаи Эшонқурғон, ҷамоати Ғазантараки ин ноҳия рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби оташгирӣ маҳдудияти интиқоли барқ будааст

“Одатан барқ соати 17:00 дода мешуд, вале рӯзи ҳодиса барқ соати 15:00 пайваст шудааст. Сӯхтор бо сабаби нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқӣ аз дарвозахона сар задааст”, – гуфт вай.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор 125 метри мураббаъро фаро гирифта, зарари он 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Сӯхтори манзил дар пайи маҳдудияти барқ дар ҳолест, ки дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст, вале вақту соати он то ҳол маълум нест.

Аз ин рӯ, сокинон аз ҳолатҳои бе нақшаи муайян омадану қатъ шудани барқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳолат боиси аз кор мондани техникаҳои барқӣ ва гоҳо сӯхтор мегардад.

Муфассал дар бораи маҳдудияти барқ дар кишвар, тартиби таъмини он ва талаби мақомот аз сокинон дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед: “Барқро дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода накунед”. Ҷузъиёти қарори расман ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар

Тибқи иттилои расмӣ дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 985 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳодисаҳо 17 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Зарари молии расида ба амволи давлатӣ ва шаҳрвандон 23 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.