Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт

Пулиси пойтахт дар ду рӯзи охир аз ҳабси 5 фурӯшандаи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дубора боло бурдани нархи гӯшт ва итоат накардан ба амри пулис иттилоъ дода, гуфтааст, онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. Мақомот аз онҳо Ғайраталӣ Алиев, Нуриддин Ҳоҷизода, Далер Ярашев, Мунавваршо Аюбов ва Ҷӯрабек Мусаммиров ном бурда, […]

Asia-Plus

Пулиси пойтахт дар ду рӯзи охир аз ҳабси 5 фурӯшандаи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дубора боло бурдани нархи гӯшт ва итоат накардан ба амри пулис иттилоъ дода, гуфтааст, онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.

Мақомот аз онҳо Ғайраталӣ Алиев, Нуриддин Ҳоҷизода, Далер Ярашев, Мунавваршо Аюбов ва Ҷӯрабек Мусаммиров ном бурда, гуфтааст, қаблан  онҳо барои боло бурдани нархи гӯшт ҷарима шуда буданд.

Ба иддаои мақомот, бо вуҷуди ин “аз кирдори худ (боло бурдани нархи гӯшт, аз идора) даст накашидаанд”.

Манбаъ гуфтааст, дар санҷиши такрорӣ, ҳуқуқвайронкунии дубораи ин фурӯшандагон ошкор шуда, нисбаташон бо моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иттиҳоми “итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди пулис” парванда боз шудааст. Мақомот ба онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.

Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ин қазия ва гуфтаҳои мақомот маълум нест.

Зоҳиран чунин менамояд, ки дар пайи боло рафтани нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт мақомот барои назорат ва танзими он санҷишҳо мегузаронанд.Чанде пеш пулиси Душанбе дар пайи чанд санҷиш қариб 200 фурӯшандаи бозорҳои пойтахтро бо гумони гарон фурӯхтани гӯшт ҷарима карда буд.

Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки 120 фурӯшандаро бар асоси моддаҳои 627 (фиреби истеъмолкунандагон) ва моддаи 555 (худсарона баланд бардоштани нархи махсулот)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд.

Миқдори ҷаримаи онҳо гуфта намешуд, вале моддаҳои боло аз 3750 то 7500 ва бештар аз он ҷарима пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки фурӯшандаҳои гӯшт барои чӣ миқдор зиёд кардани нарх ҷазо дода шуданд. Чунки дар кишвар нархи ягонаи фурӯши гӯшт аз сӯи ҳеҷ ниҳоде мақаррар нашудааст ва ё ҳадди ақал он расонаӣ нагардидааст.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки дар низоми иқтисоди бозаргонӣ идораи нарх дар бозор бо роҳи маҷбурӣ имконпазир нест ва танҳо бо роҳи пешниҳоди маҳсулоти бештар метавон онро танзим кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио