КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард

Date:

Дар Рашт як зану шаҳвар дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон бохтааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надоданд.

Қаблан, Радиои Озодӣ дар такя ба як манбаи худ аз ҳукумати Рашт гуфта буд, ҳодиса шаби 5 ба 6-и декабр дар  деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.

Ба навиштаи ин расона, оилаи мазкур ду моҳ пеш хонадор шуда, домод 25 ва зан 18 сол доштанд.

“Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд”, – навиштааст ин расона бо такя ба манбааш.

Ному насаби ҳалокшудагон ва ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон дар пайи норасоии барқ, хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд. 

Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд. Айнан чунин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳристон ҳам рух дода буд, ки 2 кӯдак ҷони худро аз даст дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...