Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумон изҳор дошт, ки истихроҷи кӯҳии маъданҳо дар ҷумҳурӣ тайи солҳои ахир чандин баробар афзудааст. “Ҳаҷми истеҳсол дар соҳаи истихроҷи кӯҳӣ аз 7,7 млрд сомонӣ дар соли 2020 то ба 26 млрд сомонӣ дар соли 2025 зиёд шуд, ки аз 3,4 баробар афзоиш гувоҳӣ медиҳад”, – […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумон изҳор дошт, ки истихроҷи кӯҳии маъданҳо дар ҷумҳурӣ тайи солҳои ахир чандин баробар афзудааст.

“Ҳаҷми истеҳсол дар соҳаи истихроҷи кӯҳӣ аз 7,7 млрд сомонӣ дар соли 2020 то ба 26 млрд сомонӣ дар соли 2025 зиёд шуд, ки аз 3,4 баробар афзоиш гувоҳӣ медиҳад”, – зикр кард сарвари давлат.

Ба таъкиди ӯ, соли 1992 дар Тоҷикистон танҳо 3 навъи маъдани кӯҳӣ истеҳсол мешуд: тилло, нуқра ва хокаи сурб. Дар соли 2025 ин нишондиҳанда то 17 навъи маҳсулот зиёд шуд. Дар муқоиса бо соли 1991 истеҳсоли тилло дар ин давра 7 баробар, нуқра – 6 баробар ва хокаи сурб – 9 баробар афзуд.

Президент зикр кард, ки ҳаҷми истеҳсол дар соҳаи истихроҷи кӯҳӣ тайи 7 соли ахир 2,5 баробар афзуда, 66 млрд сомониро ташкил дод. Танҳо дар соли 2025 ҳаҷми афзоиш 22%-ро ташкил дод, ки ба гуфтаи ӯ, аз таҷдиди назаррас гувоҳӣ дода, самаранокии барномаи саноатикуннии кишварро тасдиқ месозад.

 

Дурнамои соҳаи истихроҷи кӯҳӣ

Ба гуфтаи раисҷумҳур, ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсол ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ду баробар меафзояд. Барои рушди минбаъдаи саноати истихроҷи кӯҳӣ ва коркард бо шумули занҷираи мукаммали коркарди ашёи хоми маҳаллӣ раисҷумҳур ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро дар ин самт пешниҳод намуд.

“Коркарди канданиҳои фоиданоки маҳаллӣ, аз ҷумла металлҳо (фулузот), инчунин рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш муҳим мебошад”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар суханронии худ раисҷумҳур ҳамчунин зарурати таҳияи стратегияи нави саноати истихроҷи кӯҳиро барои солҳои 2026-2030 зикр кард. Дар он тақвияти назорати давлатӣ дар истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, беҳбуди вазъи экологӣ дар минтақаҳои истихроҷ, инчунин такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои истихроҷи кӯҳӣ ва коркард пешбинӣ мешавад.

 

Рушди саноати сабук

Ғайр аз ин, сарвари давлат ба зарурати рушди санати сабук, ки дар таъсиси ҷойҳои корӣ ва дастгирии рушди устувор нақши муҳим мебозад, таваҷҷуҳ зоҳир кард. Тоҷикистон ният дорад, соҳаҳое ба мисли нассоҷӣ, истеҳсоли пойафзол ва мебел рушд кунанд. Ин ба афзоиши ҳаҷми маҳсулот ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам содирот кумак карда, инчунин ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва самаранокӣ дар ин соҳаҳо мусоидат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар 5 соли наздик, давоми солҳои 2026-2030 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо суръати на камтар аз 25% дар як сол бояд рушд кунад. Зикр шуд, ки барои рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ва таъмини сатҳи баланди маҳсулнокӣ дар соҳаҳои гуногун муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.