ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 15:00 дар Иттифоқи нависандагон маҳфили омӯзишии адибони ҷавон баргузор мегардад. Дар маҳфил асарҳои манзуму мансуре, ки барои кӯдакону наврасон навишта шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Иштирок дар маҳфил озод буда, ҳамаи касоне, ки ба адабиёти кӯдаку навҷавон таваҷҷуҳ ва алоқа доранд, имкони иштирок доранд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1979 – Агрегати охирини нерӯгоҳи барқи обии "Норак" ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард.
Соли 1991 – Охирин маротиба ордени “Ситораи Сурх” супорида шуд.
Соли 1992 – Дар заминаи воҳидҳои Фронти халқӣ ва дигар қисмҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2001 – Ҳукумати Тоҷикистон қарори таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр – “Тоҷиказот”-ро қабул кард.
Соли 2003 – Дафтари кории душанбегии намояндагии созмони байнулмилалии башардӯстонаи “Табибони бидуни марз” дар Тоҷикистон баста шуд.
Соли 2010 – Хадамоти махсуси Афғонистон ҳафт гурезаро, ки 23 августи соли 2010 аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон фирор карда буданд, дар шимоли ин кишвар боздошт кард.
Соли 2014 – Дар Истамбул Умаралӣ Қувват, раҳбари ҳаракати сиёсии мухолифи Тоҷикистон – "Гурӯҳи 24" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) аз ҷониби мақомоти Туркия барои нақзи будубош дар ин кишвар боздошт шуд. Дертар, 3 феврали соли 2015 озод гардид. Як моҳ пас 5-уми марти ҳамон сол дар Туркия дар пеши чашми зану фарзандонаш парронда шуд.
Соли 2016 – Калонтарин ҳавопаймои вақти Тоҷикистон – "Boeing 767300" ба парвоз шуруъ кард.
Соли 2022 – Дар Тошканд дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ шуданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1918 – Зодрӯзи Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи театру синамо.
Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри “Аҳорун” дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар соли 1930 баъд аз кӯч бастани оилааш аз Самарқанд ба Душанбе ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд дохил шуд. Аммо дертар падарашро “душмани халқ” эълон карданд ва Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд, барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.
Ӯ нахуст бо Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард, ки соли 1942 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар наздикии Сталинград кушта шуд. Соли 1946 вай бо ҳунарманди маъруф Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард.
Мушаррафа Қосимова дар тӯли фаъолияти ҳунариаш дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.
Ӯ беш аз 50 сол дар Театри драмавии Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, баъдан дар театр-студияи “Гаҳвора” фаъолияти худро идома дод.
Мушаррафа Қосимова бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст, аз ҷумла Латофат дар “Тӯй”, Баҳор дар “Ҳаёт ва ишқ”, Занаки гӯл дар “Гавҳари шабчароғ”, Марианна дар “Қиссаи модар”, модар дар “Бе ватан”, Чӯтуройим дар “Фармони кадушоҳ”, Бӯстонбибӣ дар “Ҷон модаракон”, Модаркалон дар “Хатро ман навишта будам, Ойша-апа дар “Қуллаи Фудзияма”, Фирӯза дар “Дохунда”, Булбул дар “Хонашерони майдонғариб”, Фармонбибӣ дар “Исёни арӯсон”.
Ӯ дар чандин филмҳо, аз ҷумла “Дохунда”, “Дӯсти ман Наврӯзов”, “Нисо”, “Вохӯри дар дара”, “Дарду алами Авғонистон”, “Бачагии Насриддин” нақш офаридааст.
Мушаррафа Қосимова шаби 1-уми апрели соли 2019 дар синни 101-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1927 – Мавлуди Шавкат Ниёзӣ, адабиётшинос, мунаққид, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Русия
Шавкат Ниёзӣ мунаққид ва адабиётшиноси шӯравии тоҷик буда, соли 1927 дар Самарқанд зода шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва муддате устоди ҳамин донишгоҳ буд. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ будаастӣ. Ба таҳқиқ ва омӯзиши раванди инкишофи адабиёти халқҳои шӯравӣ, махсусан, адабиёти муосири тоҷик машғул ва яке аз муаллифони “Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ” мебошад.
“Шаби видоъ”-и Такур, “Гулчанбари муҳаббат”, “Духтари сеюм”-и Ф. Ниёзиро барои театр ва радиову телевизион саҳнавӣ кардааст.
Ӯ 21-уми январи соли 2022 дар Маскав аз олам даргузашт.
Соли 1941 – Зодрӯзи Аъзам Солеҳов, оҳангсоз
Соли 1954 – Мавлуди Мансур Суруш, нависанда ва журналисти тоҷик
Соли 1955 – Зодрӯзи Ҳайдар Одинаев, доктори улуми техникӣ
Соли 1956 – Мавлуди Саёҳат Неъматова, арбоби шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1958 – Зодрӯзи Баҳора Хуррамзод, олим, санъатшинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ.
Соли 1966 – Мавлуди Сумангул Тағойзода, ходими давлатӣ, вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Сумангул Тағойзода дар гузашта вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси кумитаи занон ва оила ва вакили парлумон буд. Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияташро соли 1986 ҳамчун Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатии оид ба таъминоти моддию техникӣ оғоз намудааст. Сипас то соли 2005 дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда дар дастгоҳи марказии Вазорати адлия кор мекард.
Солҳои 2005-2010 муовин ва сипас муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, соли 2010 раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин гардид ва то соли 2013 дар ин мансаб буд.
Тағойзода моҳи ноябри соли 2013 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин шуда, 7 сол – то соли 2020 дар ин вазифа буд.
Соли 1987 – Зодрӯзи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон.
Рустами Эмомалӣ, ки имрӯз шаҳрдори Дшуанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, 19 декабри соли 1987 дар хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон по ба олами ҳастӣ ниҳод.
Соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кард.
Фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Баъдан ҳамчун сардори Хадамоти гумрук кор кард.
Аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. 17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Соли 1990 – Зодрӯзи Фаридуни Хуршед, овозхони сурудҳои эстрадии тоҷик.
Фаридуни Хуршед (тав. 19 декабри 1990 дар шаҳри Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — овозхони сурудҳои эстрадии тоҷик.
Фаридуни Хуршед, ки ҳамчун сарояндаи сурудҳои эстрадӣ шинохта шудааст, таҳсилкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, “ногаҳонӣ” ба ҷодаи санъат ворид гардид.
Соли 2013 ӯ суруди “Э Мануелла”-ро бозхонӣ кард, ки боиси маъруфияташ шуд ва шуруъ аз соли 2014 ба сабти клипҳо оғоз кард. Ӯ соли 2014 ҷоизаи “Big Apple Music Awards”-ро дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба даст овардааст.
Ӯ минбаъд клип-таронаҳои “Мерасад”, “Ғами дил”, “Шаби ҳиҷрон”, “Ҳарфи дил”, “Базми Арманӣ”, “Тӯёна” сабт ва барои ҳаводоронаш пахш кард.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, Рӯзи байналмилалии кӯмак ба камбизоатонро, ки соли 1995 аз ҷониби СММ таъсис дода шудааст, ҷашн мегирад.
Камбизоатӣ то ҳол яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро камбизоатӣ ин на танҳо маънои набудани пул, балки набудани кори шоиста, манзили муносиб, дастрасӣ ба таҳсилоти хуб ва тандурустиро низ дорад.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, дар баробари барномаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, ба камбизоатон ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятии динӣ ва хайриявӣ, инчунин ҳомиёни хусусӣ кӯмак мерасонанд.
19-уми декабри соли 1983 дар шаҳри Рио-де-Женейро ҷинояте содир гардид, ки дар олами варзиш бо номи "дуздии аср" маъруф аст. Шоми ин рӯз дар маркази Рио-де-Жанейро аз бинои баландошёнаи қароргоҳи Конфедератсияи футболи Бразилия муҷассамаи тиллоии Ника – олиҳаи болдори пирӯзӣ дар Юнони Қадим, яъне Ҷоми Жюл Риме (президенти ФИФА дар солҳои 1921–1954), ки ҳар 4 сол ба дастаи ғолиби қаҳрамонии ҷаҳон супорида мешуд, дуздида шуд.
Соли 1970, баъд аз он ки тими миллии Бразилия бори сеюм унвони қавитарин дастаи ҷаҳонро ба даст овард, ФИФА ин ҷоизаро ба онҳо ба таври абадӣ супорид. Ба ҷойи муҷассамаи Ника, ҷоми нави футбол – Ҷоми ҷаҳонии ФИФА таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, моҳи феврали соли 2018 Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба шаҳри Душанбе оварда шуд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳои борон ва барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон борида, рӯзона бебориш дар назар аст ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон ва барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф меборад. Дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона -4+1º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон борида, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона борон ва барф борида, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон борида, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм.


