Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба ду ҷашнвораи байналмилалии синамо роҳ ёфт

Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”, ки кори муштараки Тоҷикистону Эрон аст, ба ду ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфтааст ва аввали соли 2026 ба Булғористон ва Банлога меравад. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, аллакай ба ҷашнвораҳои синамоии Булғористон ва Банлога роҳхат гирифтааст. “Моҳӣ дар шаст” ба барномаи асосии 18-умин ҷашнвораи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”, ки кори муштараки Тоҷикистону Эрон аст, ба ду ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфтааст ва аввали соли 2026 ба Булғористон ва Банлога меравад.

Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, аллакай ба ҷашнвораҳои синамоии Булғористон ва Банлога роҳхат гирифтааст.

“Моҳӣ дар шаст” ба барномаи асосии 18-умин ҷашнвораи байналмилалии “Sofia MENAR Film Festival” шомил шуд. Ин ҷашнвора аз 15-уми январ то 1-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуда, фарҳанг ва суннатҳои кишварҳои ҷаҳони исломро ба тамошобинони аврупоӣ муаррифӣ мекунад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки ҳамзамон “Моҳӣ дар шаст” ба 24-умин ҷашнвораи байналмилалии синамои Даккаи Бангола (Dhaka International Film Festival) даъват шудааст ва дар бахши “Asian Competition Section” рақобат мекунад.

Ин ҷашнвора аз 10 то 18 январи соли 2026 дар пойтахти Бангола баргузор гардида, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои синамоӣ дар Осиё ба шумор меравад. Филмҳои ин бахш аз ҷониби ҳайати доварони байналмилалӣ баҳогузорӣ мешаванд ва ҷоизаҳо барои беҳтарин филм, коргардон, бозигар, филмнома ва наворбардор пешбинӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, Муҳиддин Музаффар мегӯяд, ки “Моҳӣ дар шаст” боз ба чанд ҷашнвораи дигари байналмилалӣ пешниҳод шудааст ва интизор меравад, ки то аввали соли 2026 боз ба чанд фестивал даъват шавад.

Филми мазкур соли 2024 пурра дар табиати Тоҷикистон сабт шуда, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст. Ин таҷрибаи бесобиқа барои синамои муосири тоҷик дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.

Ин филм аз чӣ нақл мекунад ва чаро онро бояд тамошо кард, дар матлаби зерини мо хонед: “Ҳафт далеле, ки филми "Моҳӣ дар шаст"-ро бояд дид”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.