Бо оғози фасли зимистон бозори ангишт дар Суғд ҳам гарм шудааст. Ҳарчанд сокинон ҳанӯз чанд моҳ пештар ба хариду захираи ангишт оғоз карда буданд, аммо шадид шудани маҳдудияти интиқоли барқ дар рӯзҳои охир ва сардии якбораи ҳаво, талабот ба ин маводи сӯхтро ҳам бештар кардааст. Нархи он бошад, нисбат ба соли пеш боло рафтааст. Махсусан, ангишти Қирғизистон, ки серхаридор аст, камёфт ва қариб 35% гарон шудааст.
Ҳоло дар нуқтаҳои ангиштфурӯшӣ нархи ангишт чанд аст ва сокинон то куҷо тавони харидории онро доранд? Он дар муқоиса ба соли пеш чанд пул гарон шудааст? Мо аз фурӯшандаҳо ва харидорон дар нуқтаҳои ангиштфурӯшии ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурсидем. Сокинони шаҳри Хуҷанд ва навоҳии гирду атрофи он асосан аз ин нуқта ангишт мехаранд.
“Гарон ва боз камёфт аст”
Назармаҳмад Назаров барои хариди ангишти Қирғизистон аз ноҳияи Мастчоҳ омадааст. Ӯ мегӯяд, дар маҳалли истиқоматаш ҳам ангишт ҳаст, аммо сифати он хуб нест, аз ин лиҳоз, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадааст, то ангишти кишвари ҳамсояро харад. Аммо ӯ аз болоравии нархи ангишт нигарон аст ва мегӯяд, бо ин сабаб, нақшаҳояш барбод рафтанд.
“Ҳар сол барои зимистонгузаронӣ 2,8 – 3 тонна ангишт мехаридам. Аммо имсол нарх гарон аст. Маҷбурам камтар гирам. Ба ҳар сурат, мо шароит дорем, ки гарон ҳам бошад, ангишт харем, аммо онҳое, ки камбизоатанд, чӣ кор мекунанд? Чун ҳезум ҳам гарон аст ва ангишт аз муҳимтарин сарчашмаи гармӣ мебошад”, – мегӯяд Назаров.
Дилфуза Аминова, сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ҳам аз арзиши ангишт, махсусан ангишти Қирғизистон шикоят дорад. Ӯ мегӯяд, мошинҳо ба назди хонааш ангишт ва хокаи онро меоранд, аммо сифати он паст ва нархаш баланд аст.
“Имсол ду бор бо нархи 1 сомонию 90 барои як килограмм хокаи ангишт харидем, аммо сифати он хеле паст буд. Бӯй ва дуд дошт ва маҷбур шудем то гулхан шудани он дару тирезаҳои хонаро боз монем. Ангишти Қирғизистон дуд намекунад, бӯй надорад ва хокистараш ҳам кам, аммо мутаассифона нисбат ба дигар ангиштҳо гаронтар аст, ки на ҳама ба худ иҷозаи хариди онро медиҳанд”, – гуфт Дилфуза Аминова.
Тибқи маълумоти масъулини сарраёсати Агентии давлатии дар вилояти Суғд, давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба ин вилоят аз Қирғизистон 134 тонна ангишт ва 66 ҳазору 820 тонна ангишти пармашуда ворид шудааст.
Қариб ду баробар гарон шудааст
Бояд зикр кард, ки ангишт асосан дар ду шакл ба фурӯш гузошта шудааст: ангишт ва хокаи он (ангишти саноатӣ ҳам мегӯянд). Нархи ҳардуи он аз ҳам фарқ мекунад. Ҳамчунин, нархи ангишт вобаста ба навъи он, яъне дар куҷо истихроҷ шуданаш ҳам фарқ мекунад. Аз ҳама серхаридор ва гарон ангишти истеҳсоли Қирғизистон аст, баъдан ангишти истеҳсоли Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Масъулини таъмини бозор иддао доранд, ки нархи ангишт зиёд афзоиш наёфтааст, ҳарчанд фурӯшандаҳо баръакс, ба афзоиши назарраси нархи ангишт ишора мекунанд.
Иброҳим Мутулозода, директори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд, ниҳоде, ки бозорҳои вилоятро муттаҳид мекунад, дар як суҳбати телефонӣ гуфт, “ангишти ватанӣ (на хокаи ангишт) аз 2 то 2,5 сомонӣ барои 1 кг арзиш дорад. Ангишти Қирғизистон бошад, 3 сомонӣ барои 1 кг аст”.
Вале нархи ангишт дар нуқтаҳое, ки мо аз он боздид кардем, аз гуфтаи масъули Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд фарқ мекард.
Урунбой Юсуфов, соҳибкор аз ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасдиқ мекунад, ки нархи ангишт нисбат ба соли гузашта боло рафтааст.
“Ангишти истеҳсоли Тоҷикистон 4 сомонӣ барои 1 кг аст. Ангишти истеҳсоли Қирғизистон 5,5 – 6 сомонӣ барои 1 кг фурӯхта мешавад. Ангишти Ӯзбекистон арзонтар аз ҳама – 2,7 сомонӣ барои 1 кг аст”, – гуфт Юсуфов.
Ин соҳибкор мегӯяд, хокаи ангишти истеҳсоли Қирғизистон 1,5 сомонӣ барои 1 кг аст. Ӯ мегӯяд, бо назардошти “шароити мардум” хокаи ангишт овардааст, ки нисбатан арзон аст.
Абдурасул Каримов, ки дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ангишт ва хокаи онро мефурӯшад, низ мегӯяд, имсол нисбат ба соли гузашта ангишт аз 1 то 1,5-2 сомонӣ қимат шудааст. Ӯ ангишти истеҳсоли кришвари ҳамсояро аз 5 сомонӣ барои 1 кг кам намефурӯшад.
Шикоят аз ангишти Тоҷикистон ва дар ҷустуҷӯи ангишти Қирғизистон
Бояд гуфт, ангишти истеҳсоли Қирғизистон дар вилояти Суғди Тоҷикистон харидори бештар дорад. Аксари фурӯшандагони ангишт ва харидорони он ҳам тасдиқ мекунанд, ки вақти харид ба ангишти кишвари ҳамсоя бартарӣ медиҳанд
Урунбой Юсуфов мегӯяд, сокинон бештар ангишти истеҳсоли Қирғизистонро харидорӣ мекунанд ва аз ангишти истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон шикоят доранд.
“Ангишти ватанӣ арзонтар бошад ҳам, талабот каму шикоят зиёд аст. Зеро бештари харидорон аз буйи бад, дуди зиёд ва ҳарорати пасти он норозигӣ баён мекунанд”, – афзуд Урунбой Юсуфов.
Сайёра, яке аз харидорони ангишт ҳам ба сифати ангишти кишвари ҳамсоя ишора мекунад: “Дуд надорад, хокистараш кам аст. Хушрӯ месӯзад ва метавон барои хоҷигӣ истифода кард”.
Соли гузашта чанд буд?
Бояд гуфт, соли гузашта дар ин шабу рӯз нархи ангишти ватанӣ дар бозорҳои ин вилоят барои 1 кг ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 сомониро ташкил медод.
Нархи хокаи ангишт, ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ истифода мешавад, ба ҳисоби миёна аз 1 то 1,5 сомонӣ буд.
– ангишти Қирғизистон аз 3,5 то 4 сомонӣ;
– ангишти маҳалии босифат аз 2 то 2,5 сомонӣ;
– ангишти маҳалӣ барои истифода дар саноат аз 1,2 то 1,8 сомонӣ.
Он замон ангишти маҳаллии босифат дар минтақаҳо ба тариқи зайл фурӯхта мешуд: дар вилояти Суғд 2-2,40 сомонӣ, Хатлон 2,30-2,50 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 2-3 сомонӣ ва ВМКБ 3,10-3,80 сомонӣ.
Соли гузашта фурӯшандаҳо арзиши болои ангиштро ба баста будани сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – яке аз кишварҳои аслии содиркунандаи ангишт ба Тоҷикистон ва адами интиқоли он аз ин кишвари ҳамсоя рабт медоданд. Имсол сарҳад боз аст, ангишт ҳам ворид мешавад, аммо нархи он боз ҳам гарон аст.
Дар умум, ба ҳисоби миёна нархи ангишт (на хокаи он) қариб 35 дарсад ё аз 1 то 1,5 сомонӣ боло рафтааст. Ва ин болоравӣ ба ҳама намуди ангишт марбут аст.


