Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шаби эҷодии Камол Насруллоҳ Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор мешавад. Ин маҳфил ба муносибати 75-солагии ин шоири тоҷик доир мегардад.

Дар ин маҳфили эҷодӣ суханронии адибону суханварони номдор дар назар буда, сарояндагони маҳбуб ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Вуруд озод аст.

– Имрӯз, соати 16:00 дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов намоиши мусиқии бачагонаи "Афсонаи кӯҳӣ" бо забони тоҷикӣ дар коргардон М. Ҳасанова ба саҳна гузошта мешавад. Тамошобинони хурдсол аз сурудҳо, рақсҳо ва албатта, қаҳрамонҳои афсонавӣ лаззат мебаранд. Нархи чипта 30 сомонӣ буда, чиптаҳоро дар кассаи театр дастрас кардан мумкин аст. Барои гирифтани маълумот, бо рақами 919664688 тамос гиред.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 ДЕКАБР

Соли 1991 – Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси ИДМ ба тасвиб расид.

Соли 2003 – Ширкати эронии “Собир” ба сохтани нақби Анзоб шурӯъ кард.

Соли 2007 – “Телевизиони Суғд” ба пахши барномаҳои 8 соата дар як шабонарӯз тариқи шабакаи ҷудогона оғоз кард.

Соли 2009 – Дар Душанбе саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” муаррифӣ карда шуданд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 –  Мавлуди Ҳамид Мансуров, терапевт-гастроэнтерологи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамид Мансуров

Ҳамид Мансуров фориғуттаҳсили техникуми тиббии шаҳри Самарқанд ва Институти тиббии Самарқанд ба номи Павлов аст. Ӯ як муддат дар кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, солҳо мудири ин кафедра буд.

Ӯ ҳамзамон ҳамчун директори Институти тадқиқоти илмии тиббӣ, ки минбаъд ба Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст, кор мекард.

Беш аз 10 сол раиси комиссияи омӯзиши захираҳои гиёҳҳои табобатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1990-1995 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард.

Мансуров муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи махсуси “Проблемы гастроэнтрологии” буд.

Ӯ 25-уми августи соли 2013 дар синни 88 аз олам даргузашт.

Соли 1932 – Зодрӯзи Рофӣ Зокиров, физики тоҷик, номзади илмҳои техникӣ;

Соли 1941 – Зодрӯзи Худойназар Асозода, доктори улуми филологӣ, профессор;

ИЗОБРАЖЕНИЕ Худойназар Асозода

Худойназар Асозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китобҳои таҳқиқӣ буда, давраҳо ва шохаҳои гуногуни адабиётро таҳқиқ намудааст.

Ӯ солҳо профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳо, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ ва муддате декани факултети филологияи ДМТ буд. Сипас чанд муддат дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ фаъолият карда, соли 2005 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2008 дар ин вазифа буд.

Ин профессори тоҷик муаллифи китобҳои “Симои коргар”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” буда, се шохаи адабиёти форсиро таҳқиқ кардааст.

Вай қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст. Махсусан ба ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дошт ва чандин рисолаҳо дар бораи кору рӯзгор ва эҷоди ӯ таълиф намудааст.

Ӯ муаллифи китобу монографияҳои “Симои коргар”, “Воқеияти зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ”, “Инкишофи жанрҳои насрӣ дар адабиёти дарӣ”, “Адабиёти тоҷик дар садаи XX”, “Чеҳраҳои фарҳангӣ”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” аст.

Ин адабиётшиноси тоҷик 18 феврали соли 2014 дар 72-солагӣ даргузашт.

Соли 1946 – Мавлуди Исмоил Давлатов, доктори илмҳои иқтисодӣ, як муддат вазири маорифи Тоҷикистон;

Соли 1948 – Мавлуди Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамрохон Зарифӣ

Ӯ соли 1971 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хзатм кард. Фаъолияти коришаро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, баъдтар дар мақомоти амниятӣ ба фаъолият пардохт.

Ҳамрохон Зарифӣ солҳои 2002 – 2006 сафири Тоҷикистон дар ИМА буд. Солҳои 2006 – 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд ва соли 2013 аз ин вазифа озод карда шуд.

Ахиран, ӯ дар қатори як гурӯҳ чеҳраҳои шинохта, ки моҳи июни соли 2024 пайванд ба парвандаи Саъидҷафар Усмонзода, собиқ раиси ҲДТ ва вакили пешини парлумон бо ҷурми “ғасби ҳокимият” боздошт гардид. Рӯзи 5 феврали имсол ӯ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд.

Соли 1950 – Зодрӯзи Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камол Насрулло

Камол Насрулло аз шоирони шинохтаи муосири тоҷик аст. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанбе буда, солҳо дар бахши рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст.

Номбурда солҳо корманди Радиои тоҷик, моҳномаи “Машъал”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ буд.

Ӯ соли 1986 моҳномаҳои кӯдакон – “Чашма”-ро таъсис дода, то соли 2013 сардабири он буд. Сипас муддате муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. 

Чакидаҳои хомаааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп меоянд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои “Навгонӣ”, “Барги зуф”, “Нома ба Офтоб”, “Тоҷикистонро дигар қисмат макун!”, “Рӯ ба меҳроби Ватан ва дигар маҷмуаҳо ба табъ расиданд.

Вай соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори “Тоҷикистонро дигар қисмат макун!” шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Соли 1954 – Мавлуди Шакарбек Қурбонбеков, журналист;

Соли 1964 – Зодрӯзи Рустам Шоазимов, коргардони тоҷик;

Соли 1970 –  Мавлуди Нобовар Чаноров, овозхон ва оҳангсози тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нобовар Чаноров 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Ӯ роҳбари гурӯҳи “Шамс” аст. Ин гурӯҳ аслан бо иҷрои мусиқии мардумӣ сару кор дорад ва то ба ҳол чор албоми сурудҳояшро омода кардааст.

Ӯ бо иҷрои суруду оҳангу таронаҳои мардумӣ на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ истиқболи гарм ёфтааст.

“Ай му кабӯтар”, “Ёри Мастчоӣ”, “Духтари тоҷк”, “Даф бизанем”, “Ту гули лола” аз ҷумлаи маъруфтарин сурудҳои Нобовар буда, ӯро дар олами санъат муаррифӣ кардаанд.

Соли 1972 – Мавлуди Баҳром Қодиров,  дуторнавоз ва оҳангсози тоҷик

Соли 1977 – Чарли Чаплин, ҳунарпешаи синамо ва коргардони америкоӣ ва яке аз машҳуртарин ва таъсирбахштарин қаҳрамонҳои синамои беовози Амрико дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1989 – Зодрӯзи Нигора Холова, овозхони шинохтаи тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Падари Нигора Исматулло Холов ва бародараш Суруш Холов низ овозхонҳои машҳури тоҷик мебошанд.

Нигора Холова аввалин маротиба дар 11-солагиаш дар саҳна суруди “Гуям ё нагӯям” иҷро намуда, худро ба тоҷикистониён муаррифӣ намдуааст. Ӯ то имрӯз зиёда аз 50 суруд бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва лаҳҷаи форсӣ иҷро намудааст.

Вай аз хурдӣ ба бемории дил гирифтор буд ва дар беморхона табобат мегирифт. Ӯро дар беморхона президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки барои дидан аз вазъияти беморхона ба онҷо омада буд, дида аз бемории Нигора огоҳ шуд ва ба ӯ кӯмак намуд ва бо дастгирии президенти мамлакат табобат гирифт.

“Бачаи ошиқ”, “Боз биё”, “Дарди ниҳон”, “Попурӣ”, “Санамҷон”, “Тани танҳо”, “Ҳамсоябача” аз қабили суррудҳои маъмули Нигора Холова мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 25-уми декабри соли 1979 нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ворид гардиданд. Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба қаламрави Афғонистон ворид шуданд ва низои мусаллаҳонае оғоз ёфт, ки то соли 1989 идома кард.

Ҳамзамон бо ворид кардани қӯшунҳо амалиёти махсуси хадамоти вижаи шӯравӣ бо номи рамзии “Шторм-333” анҷом дода шуд, ки ҳадафаш бартарафсозии Ҳафизулло Амин буд. Пас аз аз байн бурдани Амин, Бабрак Кармал сари қудрат омад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ворид шудани қӯшунҳои шӯравӣ ба Афғонистон вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин амали Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун истифодаи ошкорои қувваи мусаллаҳона берун аз марзҳои худ ва дахолати низомӣ арзёбӣ намуд.

Дар худи Иттиҳоди Шӯравӣ, чунон ки маълум аст, ҳақиқати ҷанги Афғонистон солҳои дароз пинҳон дошта мешуд, сарбозону афсаронро бо истилоҳи бетарафи “интернасионалистҳо” ном мебурданд ва амалиёт таҳти унвони “расонидани кӯмаки интернасионалӣ ба мардуми Афғонистон” дар шароити махфияти шадид анҷом меёфт.

Ҳамин тариқ, баъди Соли 1979 – Соати 15:00 дақиқа бо вақти Маскав хурӯҷи нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон оғоз гардид.

25-уми декабри соли 1991 Михаил Горбачёв истеъфои худро аз вазифаи Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ эълон кард. Соати 19:00 дар пахши мустақими Телевизиони марказӣ ӯ ба мардум муроҷиат намуда, эълон кард, ки бо “далелҳои принсипиалӣ” аз вазифаи роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ истеъфо медиҳад.

Михаил Горбачёв изҳор дошт, ки бо сабаби ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти худро дар мақоми Президенти ИҶШС қатъ мекунад, ба ҳамватанони худ изҳори боварӣ намуд ва барояшон орзуи нек кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз эълони истеъфо ва имзои фармон дар бораи супоридани идораи силоҳи стратегии ҳастаӣ ба Президенти Русия Борис Елсин, ӯ Кремлро тарк кард.

25-уми декабри соли 2016 бар фарози Баҳри Сиёҳ ҳавопаймои Ту-154, ки дар хатсайри Москва-Сочи-Латакия парвоз анҷом медод, ба садама дучор шуд. Ҳавопаймо пас аз бархостан аз фурудгоҳи Сочи, ки дар он ҷо сӯзишворӣ пур карда буд, аз радарҳо нопадид гашт.

Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ту-154 чанде пас аз бархостан ба Баҳри Сиёҳ суқут карда, пора-пора шудааст. Ҳамаи 92 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар миёни ҳалокшудагон 65 нафар аз иштирокчиёни ансамбли суруд ва рақси Артиши Русия бо роҳбари бадеии худ низ буданд.

Рӯзи 25 декабр католикҳо, протестантҳо ва масеҳиёни православӣ Мавлуди Исо (Крисмас)-ро ҷашн мегиранд. “Крисмас” рӯзест, ки бар пояи гоҳшумори масеҳиён зодрӯзи Исо пазируфта шуда, бузургтарин ҷашни масеҳиён дониста мешавад. Масеҳиён ин рӯзро бо оинҳои вижа баргузор мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз рамзҳо "Крисмас"

25 декабри соли 1748 физик Йозеф Адам Браун сурби сахт ҳосил кард. Ӯ бо ёрии омехтаҳои хунуккунӣ тавонист ҳароратро то -56° паст кунад ва ба ин васила сурби сахт ба даст орад, ки онро буридан ва аз он ҳар чӣ сохтан мумкин буд.

Кашфи ба шакли дурушт даровардани сурб, ки дар бисёр маҷаллаҳои илмӣ нашр шуд, дар ҷаҳони илмӣ инқилоби воқеӣ ба вуҷуд овард. Пас аз чанд даҳсола, соли 1785 академикҳои Петербург ҳарорати дақиқи ҳосилкунии сурби сахтро муайян карданд, ки ба 39° С баробар буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26ºсард, рӯзона 6-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...