Моҳи гузашта нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 2,5% поин рафта, арзиши маҳсулоти ғайриозуқа 0,3% ва арзиши хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,1% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Кадом маҳсулот арзон шуд?
Бино ба маълумоти Агентӣ, моҳи август нархи маҳсулоти зерин поин рафт:
– маснуоти нонӣ ва ярма – ба андозаи 3,4% (асосан аз ҳисоби поинравии нархи орди навъи 1-ум ба андозаи 4,8%);
– сабзавот – 6,3% (аз ҷумла пиёз – 14,8%, картошка – 12,7%, бодиринг – 1,3%, сабзӣ – 0,1%);
– равған ва чарбу – 3,9% (равғани растанӣ – 6,2%, равғани офтобпараст – 2,5%);
– меваҳо – 3% (ангур – 16,2%, нок – 5,8%, себ – 3,1%);
– шакар (қанд) – 3,6%;
– шир – 2,3%;
– гӯшти гӯсфанд – 1,1%;
– гӯшти мурғ – 0,2%.
Дар ҳамин ҳол, помидор ба андозаи 19%, харбуза – 10,5%, карам – 0,3%, биринҷ – 0,2%, маҳсулоти гӯштӣ – 0,2%, аз ҷумла гӯшти гов – 0,8% қимат шуданд.
Таваррум аз оғози сол кам шуд
Тибқи маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ сатҳи таваррум аз 4,6% то 3,3% поин рафт.
Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ба миқдори 4,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баръакс – 0,8% арзон шуд.
Дар ин давра маҳсулоти зерин нисбатан бештар қимат шуд: сӯзишвории дизелӣ (ба андозаи 18,2%), маводи шусттушӯ – 13,8%, сабзавот – 13,5%, шакар (қанд) – 13%, маснуоти нонӣ ва ярма – 10,6%, маҳсулоти доруворӣ – 7,5%, тухм – 7,3%, шир – 4,1%).
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.