Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ намоиш дода мешавад. Намоишҳои “Кампири аҷуза ва соли нав” ва “Ҷашн барои маликаи ғамгин” ба саҳна гузошта мешавад. Ҳамчунин бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак ва дигар қаҳрамонҳои солинавӣ намоиши солинавӣ доир мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

Имрӯз дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона”-и Испания, ки набардашон бо номи “Эл-Классико” маъруф аст, ин бор дар финали Суперҷоми Испания бо ҳам мубориза мебаранд. Рақобати дастаҳо шаби 11 ба 12-уми январ (соати 00:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи “King Abdullah Sports City”-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2014 – Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара байни сокинони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2017 – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) нахустин театри вилоятии лӯхтак бо номи “Афсона” ифтитоҳ шуд.

Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе аввалин Маркази иттилоотии сайёҳӣ расман кушода шуд.

Соли 2022 – Мавзуна Чориева, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаҳрамони як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ва қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мавзуна Чориева

Соли 2023 – Дар таваллудхонаи вилояти Суғд бори аввал шашгоникҳо ба дунё омаданд. Вазъи кӯдакон аввал хуб арзёбӣ шуд, вале баъди як рӯз кӯдакон фавтиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1940 – Мавлуди Бойназар Бойназаров, омӯзгор, санъатшинос, номзади илми таърих.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бойназар Бойназаров

Ӯ муаллифи китобҳои “Санъат ва меҳнат” барои хонандагони мактабҳои миёна аст.

Бойназар Бойназаров яке аз мусаввирони номошнои тоҷик аст. Ӯ муаллифи як идда китобҳои дарсии санъати тасвирӣ барои хонандагон мактабҳо аст. Аз ҷумла, барои хонандагони синфҳои 2, 5 ва 7 китобҳои дарсии “Санъат ва меҳнат” таълиф кардааст.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов буда, баъдан дар ноҳияҳои Ашт ва Вахш омӯзгори санъати тасвирӣ кор карда, баъди хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 1977 дар ин донишгоҳ ба фаъолият пардохта, солҳои 1999-2003 дар коллеҷи техникӣ, аз соли 2004 то 2015 муаллими калони кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ буд. Аз соли 2015 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дубора ба кор омада, дар факултаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба сифати дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ кор мекард.

Ӯ ҳамчунин муаллифи як идда мақола, дастуру китобҳои дарсӣ перомуни таърихи санъати тасвирии тоҷик дар солҳои шӯравӣ, инчунин санъати ороишӣ-бадеӣ аст.

Бойназар Бойназаров 29-уми январи соли 2024 дар 84-солагӣ даргузашт.

Соли 1949 – Мавлуди Тӯҳфамо Низомова, иқтисодшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1952 – Зодрӯзи Матлуба Оқилова, файласуф, доктори илмҳои фалсафа.

Соли 1995 – Зодрӯзи Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар самбо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар намуди самбо аст. Ӯ якчанд маротиба Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ғолибият ба даст овардааст. Аввалин дастоварди байналмилалии ӯ медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар соли 2013 буд.

Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017 дар ҷойи аввал меистод.

Соли 2011 – Усмонқул Шокиров, собиқ вазири ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Ӯктами Холиқназар, яке аз парчамдорони эҳёи забону фарҳанги тоҷикӣ ва узви садорати созмони мардумии "Растохез" дар синни 80-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Уктами Холиқназар

Ӯктами Холиқназар, нависанда, тарҷумон ва донишманди пуровозаи риштаи забон буд. Ӯ яке аз равшанфикрони фаъоли охири солҳои 80-уми ва оғози солҳои 90-ум буд, ки  дар талошҳо барои мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ нақши боризе дошт. Ин донишманди фақид узви садорати созмони маъруфи “Растохез” буд. Ӯ дар оғози солҳои 2000 китоби маъруфи худ “Ғалат менависем”-ро нашр кард, ки ҳангомаҳое дар матбуоти он замон ба вуҷуд овард.

Баъдан Ӯктами Холиқназар дар матбуот ба чигунагии забони бархе осори илмиву адабӣ пардохт ва сари чанд вақт мақолаҳое ба нашр мерасонд.

Ӯктами Холиқназар дар баробари ин нависандаи чирадаст ва тарҷумони бархе аз осори адибони маъруфи дунё буд. Ӯ китоби “Мартин Иден”-и нависандаи маъруфи амрикоӣ Ҷек Лондонро ба тоҷикӣ тарҷум карда буд, ки яке аз тарҷумаҳои муваффақи адабӣ эътироф шуда буд. “Рӯзноманигори озод” ҳам яке аз китобҳои дигари ин нависандаи маъруф буд.

Ӯктами Холиқназар бо мавқеъгириҳои бисёр қотеъи худ ҳам дар муҳити адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон маъруф буд. Аз ҷумла ӯ соли 2005 бо навиштани як мақолае дар нашрияи “Миллат” гуфт, аз узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон берун меравад.

Соли 2021 – Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони маъруфи тоҷик дар беморхонаи сироятии Душанбе дар синни 57-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбоналӣ Абдуллоев

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дораду бештар бо сурудани таронаҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ маъруф аст. “Алвидоъ” (бо Лола Азизова), “Қишлоқаки ман”, “Модар”, “Соқиё, маро дарёб”, “Куҷо меравӣ, азизам”, “Хоки Ватан” аз ҷумлаи таронаҳои марғуби ӯянд. Номбурда иҷрокунандаи таронаи маъруфи “Қишлоқаки ман” аст.

Ӯ соли 2020 дар саҳифаи фейсбукииаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарӣ ва тарки саҳна карданаш хабар дода буд.

Номбурда дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Донишкадаи олии санъати ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст. Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.

Ҳамчунин овозхон бо ҳунармандони зиёде дуэт сароидааст, ки машҳуртаринашон “Алвидоъ” ва “Ёри вафодор” бо Лола Азизова, "Худо ҳофиз” бо Нигина Амонқулова, “Эй ёре” бо Муҳаррама Шарипова ва “Туро хоҳам” бо Ҳанифа Қурбонова мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 11-уми январ ду ҷашни байналмилалӣ, ки ба ҷои кор вобаста аст, таҷлил мешавад. Яке Рӯзи байналмилалии баробарӣ дар ҷои кор ва дигар, Рӯзи байналмилалии изҳори миннатдорӣ аст.

Рӯзи байналмилалии баробарӣ дар ҷои кор соли 2017 роҳандозӣ шуда, ҳадафи он мубориза бо табъиз дар соҳаи шуғл мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи байналмилалии изҳори миннатдорӣ ба хотири таъкиди аҳамияти изҳори миннатдорӣ таъсис ёфтааст. Гарчанде ки ин Рӯз расман бо як қонун ё қарори байналмилалӣ вобаста нест, он аз тарафи шахсони алоҳида ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчун як навъ ташаббуси ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Соли 1960  дар Иттиҳоди Шӯравӣ Маркази омодасозии кайҳоннавардон таъсис дода шуд. Соли 1968, баъд аз марги Юрий Гагарин (аввалин инсоне, ки ба кайҳон парвоз кард), марказ ба ифтихори ӯ номгузорӣ шуд ва ҳамчун Маркази омодасозии кайҳоннавардон ба номи Юрий Гагарин шинохта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юрий Гагарин

11-уми январи соли 1909 дар шаҳри Ню-Йорк аввалин мусобиқаи автомобилронӣ миёни занон дар ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин сабқат беш аз даҳ нафар ширкат доштанд. Иштирокчиён аз Ню-Йорк ба шаҳри Филаделфия рафта, сипас боз ба Ню-Йорк баргаштанд.

Баъдтар, дар солҳои 1920-ум ронандаи маъруфи чех Элишка Юнкова дар мусобиқаҳои автомобилронӣ шуҳрати зиёд касб кард. Дар корномаи варзишии ӯ 56 ғалаба сабт шудааст, ки ҳамаи онҳо дар тӯли ҳамагӣ чор сол ба даст омадаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар солҳои 1960-ум бошад, ронанда Патрисия Мосс номдор шуд. Ӯ дар бисёре аз мусобиқаҳои он давра ғолиб омад, вале пас аз издивоҷ фаъолияти варзишии касбии худро қатъ кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8+13º гарм, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо -2+3º,, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 16-18º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 50-52º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...