spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия киҳо даъват мешаванд? Шойгу шарҳ дод

“Имрӯз мо на он қадр бо Украина, балки бо Ғарби дастҷамъӣ дар ҷанг ҳастем”, – изҳор дошт имрӯз вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз тамоми гуруҳҳои моҳвораии НАТО алайҳи Русия кор мекунанд. “Зиёда аз 70 моҳвораи ҳарбӣ ва 200 моҳвораи барои шаҳрвандон пешбинишуда танҳо барои муайян кардани макони ҷойгиршавии воҳидҳои мо кор мекунанд”, – иброз дошт Шойгу.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Путин дар Русия қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон кард

Вазири мудофиаи Русия илова намуд, ки дар Киев амалан фармондеҳии кишварҳои Ғарб фаъолият дорад, ки ба амалиёт роҳбарӣ мекунад.

“Украина аллакай нисфи артишашро аз даст дод: 61 ҳазору 207 нафар ҳалокшуда ва 49 ҳазору 368 нафар маҷруҳ. Талафоти мо дар ҷараёни амалиёти махсус 15 ҳазору 937 нафар аст”, – хабар дод ӯ.

Дар мавриди қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ Шойгу зикр намуд, ки танҳо шахсоне даъват хоҳанд шуд, ки хизмати ҳарбиро адо кардаву таҷрибаи ҷангӣ доранд.

Зикр шуд, ки дар доираи ин маърака ҳудуди 300 ҳазор нафар ҳайати захираҳои ҳарбӣ даъват мешаванд.

Дар бораи сафарбарсозии донишҷӯён сухан намеравад. “Ҳама оромона ба таҳсил машғул хоҳанд шуд”, – изҳор дошт Шойгу.

"Касоне, ки тибқи даъват дар хидмати ҳарбии ҳатмӣ қарор доранд, ба минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ сафарбар намешаванд", – ваъдад дод вазири мудофиаи Русия.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин қисман сафарбаркуниии ҳайати захираҳои ҳарбиро, ки аз 21 сентябр оғоз мегардад, "як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар" номид.

“Мақсади кишварҳои Ғарб заъифу аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани мамлакати мост. Онҳо ошкоро мегӯянд, ки дар соли 1991 тавонистанд Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз ҳам пош диҳанд ва ҳоло вақти он расидааст, ки Русия ба бисёр минтақаҳои ҷангзада тақсим шавад. Мардуми Украина ба гӯшти хом табдил дода шудааст. Ҳамлаи бузургмиқёси навбатӣ ба Донбасс, ки қаблан ду бор рух дода буд ва сипас ҳамла ба Қрим ногузир буд. Аз ин рӯ, барои амалиёти пешгирикунанда тасмим гирифтан лозим омад”, – изҳор дошт Путин.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...