Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?

Date:

Дирӯз, 23-юми январ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, президент ва роҳбари ҳукумати кишвар ҷаласаи солонаи ҳукумат баргузор гашт, ки дар он “натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд”.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури менависад, ки дар ҷаласа аъзои ҳукумат, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони мақомоти давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулин иштирок карданд.

Нахуст, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 ҳисобот дода, аз ҷумла гуфтааст, ки соли гуҳашта, “ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Б иттилои ӯ, сатҳи таваррум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

“Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид”, – гуфтааст сарвазир.

Дар идома зикр кардааст, ки “бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд”.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024-ум 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024-ум 9,5 фоиз таъмин гардидааст.

Ба иттилои сарвазири кишвар, дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

“Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида, 30 миллиард сомониро ташкил дод”, – гуфтааст Қоҳир Расулзода.

Ба таъкиди вай, дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст.

Соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 77,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 14 фоиз зиёд аст. Гардиши савдои хориҷӣ бошад нисбат ба соли 2024-ум 20,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Вале омори мушаххас наовардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола

Ҳамчунин, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2025 ба 30,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 13,2% зиёд мебошад.

Сарвазир гуфтааст, ки дар ин давра 38 муассисаи томактаби сохта шуда, шумораи умумии онҳо дар кишвар ба 795 адад расидаааст.

Соли 2025 дар мамлакат 214 мактаб ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.

Дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.

Ба иттилои Қоҳир Расулзода, соли гузашта 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Дар идома, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ва Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ҳисобот доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Файзиддин Қаҳҳорзода

Гуфта шуд, ки соли 2025 “аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиард 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.

Иҷрои нақшаи андоз, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 104,3%, вилояти Хатлон 103,1 %, вилояти Суғд 107,1 %, шаҳри Душанбе 119,8 % ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109,5 % таъмин гардидааст.

Баъди ин, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз ҳисоботи Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли кишвар бар бораи фаъолияти мақомоти назорату санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, дастур шудааст, ки “мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд”.

Дар идома, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар робита ба раванди ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ ва роҳҳои афзун намудани он, Фирдавс Толибзод, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Алиҷон Салимзода, раиси “Амонатбонк” дар бораи соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Ба онҳо супориш дода шудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав зимни гузориши худ гуфтааст, ки “соли 2025 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфт”.

Зимни ҳисоботи солонаи Азим Иброҳим, вазири нақлиёт натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, самтҳои асосии рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои давраи минбаъда муайян карда шудааст.

Ба Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ дастуру супориш дода шудааст.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ дар робита ба самтҳои фаъолияти худ ҳисобот додаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раҳим Саидзод, вазири маориф ва илм, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди ҳунармандию косибӣ вазифадор карда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни ҳисоботи худ гуфтааст, ки соли гузашта дар пойтахт 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ба иттилои вай, дар ин давра, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дада шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоиз таъмин гардид.

“Дар баробари ин, суръати рушди маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024 31 фоиз зиёд гардида, ба масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд”, – гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустами Эмомалӣ

Дар идома, Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ҳисобот доданд.

Дар охири кори маҷлиси васеи ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба масъулин “барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар дастуру супоришҳои мушаххас” додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алишер Мирзонабот, Раҷаб Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид

Президент масъулинро вазифадор кардааст, ки рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин кунанд.

Аз ҷумла, раисҷумҳур супориш додаааст, ки “дар самти пешгирӣ кардани омилҳои коррупсионӣ дар ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ ва муассир амалӣ карда шаванд”.

Ҳамчунин, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вазифадор шудаанд, ки “муаррифии мунтазами имкониятҳои сармоягузориро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ба роҳ монда, фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақим ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд”.

“Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби Роҳбари давлат вазифадор карда шуданд, ки ҷараёни қарздиҳиро самаранок ба роҳ монда, ҳаҷми қарзҳоро ба соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан, дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бамаротиб афзоиш диҳад”, навиштааст хадамоти матбуотии президент.

Ҳамчунин, Бонки миллӣ вазифадор гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳо рушди низоми пардохт ва татбиқи пурраи низоми ғайринақдиро дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин намуда, аз 1-уми июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродиро ҷорӣ кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, Хадамоти алоқа вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ чораҳои фаврӣ ва муассир андешида, суръат, сифати хизматрасонӣ ва дастрасии интернетро беҳтар намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат супориш додааст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноатро дар ММД ба 30% расонанд.

“Дар баробари ин супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва азнавтаҷҳизонии онҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, махсусан, бо ҷалби сармоягузорони ватанӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд”,- гуфта мешавад дар хабар расмӣ.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи Тоҷик» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» супориш дода шудааст, ки ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагон ва ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳоро таъмин кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки аъзои ҳукумат, роҳбарони дигар сохторҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “дар ин соли бисёр муҳим барои амалӣ намудани супоришҳои Паёми Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида, супоришу вазифаҳои гузошташуда ва риояи ҳатмии интизоми давлатӣ масъулияти шахсӣ доранд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...