То рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон аз майдони 17 ҳазору 224 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 53,5% аз ҳаҷми умумии киштро ташкил медиҳад.
Миқдори умумии ҳосили ҷамъоварда 358 ҳазору 457 тоннаро ташкил медиҳад, ки 1 ҳазору 636 тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳамчунин ҳосилнокии картошка поин рафта, агар дар охири соли гузашта ин нишондиҳанда 227 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода бошад, пас дар ҳамин давраи соли равон он ба 208 сентнер аз 1 гектар баробар аст.
Имрӯз картошкаро ба ҳисоби миёна бо нархи 5 сомонӣ мефурӯшанд. Моҳи сентябри соли гузашта он 4 сомонӣ нарх дошт.
То ин вақт моҳи сентябри солҳои 2014 ва 2017 нархи баландтарин – 3,80 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, шурӯъ аз соли 2011 нарх аз 2,5 сомонӣ баланд нашуда буд.
Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ зикр карда буданд, ки дар як сол истеъмоли 92 кило картошка барои 1 кас лозим аст, лекин миқдори воқеии истеъмоли он дар ҷумҳурӣ барои 1 нафар дар 1 сол 130 кило арзёбӣ мешавад.
Бо назардошти ин маълумот, талаботи умумии кишвар ба картошка дар 1 сол то 1,3 млн тонна мерасад.
Имсол дар Тоҷикистон ҷамъоварии зиёда аз 1 млн тонна ҳосили картошка пешбинӣ шудааст. Оё ин имконпазир аст?