ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноат соати 09:00, КВД “Тоҷиксуғурта” соати 10:00, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо, ҳукумати шаҳри Ҳисор соати 10:00, Агентии хоҷагии ҷангал соати 16:00 ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн соати 09:00 нишасти матбуоть доир мегардад ва ин ниҳодҳо дар бораи натиҷаи фаъолияташон дар соли 2025 ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ФЕВРАЛ
Соли 2002 – Дар Душанбе аввалин истгоҳи автоматишудаи метеорологӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2010 – Созмони дифоъ аз рӯзноманигорон дар ИМА аз додгоҳҳои Тоҷикистон даъват кард, ки даъвоҳои тӯҳмат алайҳи рӯзномаҳои мустақилро бекор кунанд.
Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президентт кишвар ҷаласаи аввали Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро баргузор намуд.
Соли 2015 – Дар Душанбе дар оилаи Маҷнуновҳо чоргоник ба дунё омад, ки президенти кишвар супориш дод, ба онҳо хонаи сеҳуҷрагӣ диҳанд.
Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ кард.
Соли 2019 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими нерӯи корӣ ба имзо расид, ки тибқи он Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул кунад.
Соли 2021 – Рустами Эмомалӣ дар бораи бо мақомоти давлатӣ мувофиқа кардани номгузории иншоот дар Душанбе қарор ба имзо расонид.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат варзид ва дар ҳошияи он бо роҳбари Чин мулоқот кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Зодрӯзи Алӣ Насириён, ҳунарпешаи театр, синамо ва намоишноманависи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад.
Алӣ Насириён яке аз чеҳраҳои маъруфи театр ва синамои Эрон буда, нишони дараҷаи яки ҳунариро аз раисҷумҳури вақт дарёфт кардааст. Дар Тоҷикистон ӯро асосан тавассути нақши “Бузургоғо” дар силсилафилми “Шаҳрзод” мешиносанд.
Ӯ ҳамчунин дар филмҳои “Иртиботи хонаводагӣ”, “Шикорчии шанбе”, “Пастчӣ се бор дар намезанад”, “Ҷазираи оҳанӣ”, “Шоҳи хомӯш”, “Девонае аз қафас парид”, “Зиндони 707”, “Солҳои хокистар”, “Дузд ва нависанда”, “Офтобнишинҳо”, “Фасли хун” ва даҳҳо филми дигар нақш офаридааст.
Ҳамчунин, дар театр низ нақшҳои мондагор бозидааст. Ӯ аз ҷумлаи намоишноманависони забардасти Эрон буда, “Булбули саргашта”, “Китоби тамошохона”, “Лонаи шағол”, “Бозии Султон ва Сиё”, “Бозигар ва занаш” аз маъруфтарин нигоштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1946 – Мавлуди Аъламхон Кӯчаров, адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ.
Аламхон Кӯчаров адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияташро аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуда, баъдан ба Академияи милли илмҳои кишвар ба фаъоляит пардохт. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд.
Фаъолияти илмиаш бештар ба таҳқиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, бахусус осори Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода равона шудааст. Аламхон Кӯчаров матни илмии интиқодии қиссаҳои “Одина” ва “Марги судхӯр”-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои “Қуддусия”, “Маърифати нафс” ва “Дарвешия”-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.
Соли 1953 – Зодрӯзи Туғрал Шокиров, доктори илмҳои филология.
Соли 1965 – Зодрӯзи Нусратулло Салимзода, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон, раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳоло раиси ноҳияи Рӯдакӣ.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 2008 то соли 2017 ду навбат вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Баъдан раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид. Пас аз ин, аз соли 2023 то январи 2025 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Ҳоло раиси ноҳии Рӯдакӣ аст.
Соли 2006 – Камолиддин Бойматов, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика дар синни 55 даргузашт.
Соли 2016 – Асадулло Саъдуллоев, омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Асадулло Саъдуллоев доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз поягузорони мактаби таҳқиқоти журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти журналистии худро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас соли 1969 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” онро идома додааст.
Соли 1979 дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба ҳайси муовини муҳаррир ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дода, соли 1981 дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба ҳайси устод ба кор пардохтааст.
Устод Асадулло Саъдуллоев ҳамчунин чанд муддат декани ин факулта буд. Ӯ то лаҳзаҳои ахири зиндагиаш дар ин факулта ба шогирдон аз фанни таҳқиқоти журналистӣ дарс мегуфт.
Соли 2025 – Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, имоми шиъиёни исмоилии низорӣ дар 88-солагӣ даргузашт.
Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон 3 дар 11-уми июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Вай 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон аст. Вай баъди хатми мактаби Ле Розеи Швейтсария ба Донишгоҳи Ҳорворд дохил ва риштаи таърихи исломро хатм кард. Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) будааст.
Номбурда поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад.
Карим Оқохони 4 Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаш чандин тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ мекунад, созмон додааст.
Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин мебошанд.
Оқохони 4 солҳои 1995, 1998 ва 2008 ва бори охир соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд.
Шоми 4-уми феврали соли равон шоҳзода Карим Оқохони 4 дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемориҳои саратон мебошад. Мақсад аз таъсис ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ, ёдоварӣ аз хатари бемориҳои онкологӣ ва кам кардани сатҳи маргумир аз ин беморӣ аст.
Саратон истилоҳи умумӣ барои зиёда аз 100 намуди беморӣ, ки метавонанд ба ҳар як қисми организм таъсир расонанд. Яке аз хосиятҳои асосии саратон афзоиши босуръати ҳуҷайраҳои ғайримуқаррарӣ мебошад, ки аз ҳадди табиӣ берун мебароянд.
Дар охири соли 2020-ум, СММ қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он Рӯзи байналмилалии бародарии инсонҳо таъсис дода шуд.
Ин сана ҳамасола, 4 феврал ҷашн гирифта мешавад ва ба имзои ҳуҷҷати таърихии соли 2019 рабт дорад, ки онро Папаи Рум Франсиск II ва имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб дар мулоқоти худ дар Абу-Дабӣ ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат “Бародарии инсонӣ барои сулҳ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ” ном гирифтааст.
Ҳадафи таҷлили ин рӯз ёдоварӣ аз арзишҳои аслии инсонӣ – таҳаммулпазирӣ, муҳаббат, ҳамдилӣ ва кӯмаки мутақобила аст.
4 феврали 1911 ширкати “Rolls-Royce” барои автомобилҳои худ нишонаи машҳур – ҳайкалчаи зан бо болҳои кушодаро, ки пеш аз ҷаҳиш ба пеш хам шудааст, муаррифӣ намуд. Ин ҳайкалчаро ҳайкалтарош Чарлз Сайкс эҷод карда, ба он номи “Рӯҳи шӯхӣ” (Spirit of Ecstasy) дод.
Имрӯз Рӯзи миллии шӯрбоҳои хонагӣ дар ИМА ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи анъана, шӯрбоҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон машҳуранд. Ошхонаи тоҷикӣ низ дорои намудҳои гуногуни шӯрбо аст.
Имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайрирасмӣ – Рӯзи ихтирои “калӯш”-ҳои резинӣ аст. Таърихи аслии ин калима дар робита бо этимологияи калимаи “калӯш” аз “галӯш” баҳсбарангез аст. Ин намуди пойафзол дар кишвар, асосан дар деҳотҷойҳо васеъ истифода мешавад.
Имрӯз, Рӯзи ба фаъолият оғоз кардани шабакаи иҷтимоии "Facebook" аст. Маҳз 4 феврали соли 2004, дар утоқи хобгоҳи Донишгоҳи Гарвард, ки онҷо Марк Цукерберг зиндагӣ мекард, шабакаи иҷтимоии Facebook рӯнамоӣ шуд.
Дар ибтидо ин як платформаи хурд ва ноошно буд, аммо имрӯз Facebook бузургтарин шабакаи иҷтимоии байналмилалӣ мебошад, ки миллиардҳо корбаронро аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон фаро гирифтааст.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 6+8 гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 5-7º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.


