Оғози санҷиши телефони мусофирон дар метрои Маскав

Дар пайи оғози санҷиши телефонҳои мусофирон дар метрои Маскав, намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки “қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд” ва нисбат ба ин қарор “монеа эҷод накунанд”. Сар аз 4-уми феврали соли равон дар метрои шаҳри Маскав ба таври интихоби телефони мобилии мусофирон санҷида мешавад. Ин тасмим […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Дар пайи оғози санҷиши телефонҳои мусофирон дар метрои Маскав, намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки “қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд” ва нисбат ба ин қарор “монеа эҷод накунанд”.

Сар аз 4-уми феврали соли равон дар метрои шаҳри Маскав ба таври интихоби телефони мобилии мусофирон санҷида мешавад. Ин тасмим дар доираи қоидаҳои нави бехатарии Вазорати нақлиёти Русия гирифта шудааст.

Намояндагии Вазорат навиштааст, ки тибқи ин фармон “санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад”.

“Дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метро, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд”, – навишт Намояндагӣ.

Метрои Маскав гуфтааст, ки санҷиши телефонӣ "дар ҳолати зарурӣ" илова ба чораҳои амниятии мавҷуда истифода мешавад, навиштааст “РБК”.

Чунин қоида аллакай дар Санкт-Петербург амал мекунад. Кирилл Поляков, муовини роҳбари Санкт-Петербург гуфтааст, ки аз сокинон хоҳиш кардааст, ки онҳоро “дарк кунанд”.

Мақомоти Русия ин ҳама тадбирҳоро ба “чораҳои бехатарии амниятӣ” рабт медиҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки тайи ду соли охир, махсусан пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар марти соли 2024, мақомоти Русия натанҳо ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, балки “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро ҳам тартиб дода, ба даҳҳо қонуни амалкунанда тағйирот ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.