Таҳсили духтарон дар Донишкадаи исломӣ. “Роҳнамои довталаб”: танҳо барои мардҳо. Ректор: “табъиз вуҷуд надорад”

Дар “Роҳнамои довталаб”, ки ҳар сол Маркази миллии тестӣ (ММТ) нашр мекунад, ҳуҷҷатсупорӣ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи исломӣ танҳо барои мардҳо пешбинӣ шудааст. Масъулини ММТ ҳам ин нуктаро тасдиқ карданд, аммо ректори ин донишкада мегӯяд, “барои қабули духтарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”. Дар “Роҳнамои довталаб” зикр мешавад, ки “…ихтисосҳоро аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар “Роҳнамои довталаб”, ки ҳар сол Маркази миллии тестӣ (ММТ) нашр мекунад, ҳуҷҷатсупорӣ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи исломӣ танҳо барои мардҳо пешбинӣ шудааст. Масъулини ММТ ҳам ин нуктаро тасдиқ карданд, аммо ректори ин донишкада мегӯяд, “барои қабули духтарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”.

Дар “Роҳнамои довталаб” зикр мешавад, ки “…ихтисосҳоро аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит фақат мардон интихоб карда метавонанд”.

Аммо далели манъи ҳуҷҷатсупории занон дар ин ихтисосҳои Донишкадаи исломӣ зикр намешавад.

 

Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали раиси ММТ рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки солҳост духтарон аз ҳаққи ҳуҷҷатсупорӣ ба Донишкадаи исломӣ маҳрум шудаанд.

“Тибқи тартибе, ки ба ММТ пешниҳод гардидааст, ба Донишкадаи исломӣ танҳо писарон қабул карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, на дар давраи бақайдгирӣ ва на дар давраи имтиҳонсупорӣ ягон духтар на аз қайд гузаштааст ва имтиҳон супоридааст. Албатта, ин кор аз ҷониби муассисаи таълимӣ дар ҳамкорӣ бо  мақомоти болоӣ мешавад. Тақрибан 4 ё 5 сол шуд, ки  чунин тартиб ҷорӣ мебошад”,-гуфт Шодиниё.

Аммо ӯ ҳам сабаби муайян шудани чунин тартибро шарҳ надод ва ҳам аз “мақомоти болоӣ” ном набурд.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдуалим Аҳтамзода, ректори тозатаъини Донишкадаи исломӣ рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, соли таҳсили 2025 – 2026 ягон духтар ба ин муассиса дохил нашудааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло дар донишкада 29 духтар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд, ки ҳамаашон солҳои қаблӣ ба муассиса дохил шудаанд.

Ӯ маҳдудияти дохилшавии духтарон ба Донишкадаи исломиро рад карда, гуфт, ки “барои қабули духтарону писарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”.

“Дари донишкада ҳамеша боз ҳасту боз мемонад. Касе ки ба Донишкадаи исломӣ ҳуҷҷат месупораду довталаб аст, қабул мешавад. Ҳеҷ табъизе ҳам вуҷуд надорад”, – гуфт Аҳтамзода.

 

Пештар аз ин Нусратулло Зокирзода, ректори ҳамакнун собиқи Донишкадаи исломӣ ҳам ба Азия-Плюс гуфта буд, ки дар қабули духтарон ягон маҳдудият гузошта нашудааст. Номбурда таъкид карда буд, ки раванди қабул ба донишкада тавассути ММТ ба роҳ монда шудааст ва барои ҳуҷҷат супоридани духтарон маҳдудият нест.

Бар пояи маълумоте, ки моҳи ноябри соли 2025 Нусратулло Зокирзода гуфта буд, “дар ин донишкада ҳамагӣ 12 духтар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд ва ҳеҷ маҳдудияте дар таҳсили онҳо нест”. Аммо ӯ омили адами дунишҷӯдухтарон дар бахши рӯзонаи ин донишкадаро шарҳ надод.

То соли 2018, замоне ки дар Тоҷикистон ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ тағйирот ворид ва таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ ва ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва назди волидайн вогузор шуд, теъдоди духтарон дар ин донишкада 250 нафарро ташкил мекард.

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо дар Донишкадаи исломӣ метавон таҳсили динӣ кард. Барои таҳсили ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон соли 1997 таъсис шудааст. То соли 2007 ҳамчун муассисаи мустақил фаъолият мекард ва баъдан ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм гузашт. Соли гузашта бошад, соҳиби бинои наву боҳашамате шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур ҳузур дошт.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.