Бозгашти Виталий Левченко ба “Истиқлол” ҳамчун сармуррабӣ. Ситоди нави муррабиёни даста маълум шуд

Виталий Левченко, матахассиси 53-солаи тоҷик дигарбора сармуррабии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ҳамчунин, ситоди нави мураббиёни ин даста ҳам маълум шудааст. Дар ин бора бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода, навиштааст, ки шартномаи ҳамкорӣ бо Левченко то анҷоми мавсими 2026 ба имзо расидааст. Ҳамчунин, ба ситоди муррабиёни ин даста, Андрей Анненков, – мураббии калон, Анвар Норкулов – […]

Asia-Plus

Виталий Левченко, матахассиси 53-солаи тоҷик дигарбора сармуррабии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ҳамчунин, ситоди нави мураббиёни ин даста ҳам маълум шудааст. Дар ин бора бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода, навиштааст, ки шартномаи ҳамкорӣ бо Левченко то анҷоми мавсими 2026 ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, ба ситоди муррабиёни ин даста, Андрей Анненков, – мураббии калон, Анвар Норкулов – мураббии тайёрии ҷисмонӣ, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо ва Дониёр Муродов – мураббии таҳлилгар шомил гардиданд.

Бояд гуфт, Левченко қаблан низ роҳбарии тими “Истиқлол”-ро ба уҳда дошт (солҳои 2020-2022) ва бо роҳнамоии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО намояндагӣ карда буд.

Ҳоло ӯ дар вазифаи сармураббии "Истиқлол" Игор Черевченкоро, ки моҳи декабри соли 2025 аз ин мақом канор рафта буд, иваз мекунад. Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии “Истиқлол” буд.

Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дода, гуфта буд, ки бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ситоди мураббиёни дастара тамдид накард.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Тарбиятдидаи мактаби маҳаллии футбол мебошад. Дар дастаҳои “Хуҷанд”, тимҳои украинии “Динамо” ва ССКА (Киев), “Таврия”-и Симферопол, дастаҳои русиягии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург), ҳамчунин тими “Чанчун Ятай”-и Чин бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (1996-2000) дар 10 бозӣ ширкат кардааст.

Дастаҳои украинии “Княжа” (вилояти Бориспол), “Еднист” (вилояти Чернигов), “Десна” (Чернигов)-ро машқ дода, ба ҳайси ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Украина, ёвари сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.

Ҳамчунин, як муддат сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, мураббии тими русиягии “Криля Советов” (Самара) ва сармурабии бошгоҳи “Хуҷанд” буд. Баъди ин, ду сол – 2020-2022 сармарабби "Истиқлол"-и Душанбе буд. 

Виталий Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Ӯзбекистон фаъолият дошт ва соли 2025 ҳамроҳ бо ин даста қаҳрамони футболи Ӯзбекистон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио