Игор Черевченко дигар сармуррабии “Истиқлол” нест. Бошгоҳ шартномаи ҳамкорӣ бо ситоди мураббиёнро тамдид накард

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” -и шаҳри Душанбе баъди ба анҷом расидани шартномаи ҳамкорӣ бо ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии Игор Черевченко, онро дигарбора тамдид накард. Ҳамин тариқ, Черевченко баъди беш аз 1 соли сармуррабигии “Истиқлол", ин мақомро тарк кард. Дар ин бора расман бошгоҳи “Истиқлол” хабар дод. Ба иттилои манбаъ, баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор […]

Asia-Plus

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” -и шаҳри Душанбе баъди ба анҷом расидани шартномаи ҳамкорӣ бо ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии Игор Черевченко, онро дигарбора тамдид накард. Ҳамин тариқ, Черевченко баъди беш аз 1 соли сармуррабигии “Истиқлол", ин мақомро тарк кард.

Дар ин бора расман бошгоҳи “Истиқлол” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк карданд.

“Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба тамоми ҳайати мураббиён барои заҳматҳои анҷомдодаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд” – омадааст дар изҳороти “Истиқлол”.

Худи Игор Черевченко чанд рӯз пеш бо пахши як навор дар саҳифаи "Телеграм"-и "Истиқлол" сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дод. Ӯ гуфт, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст.

"Ман фикр мекунам, ки ин мавсим барои даста хуб гузашт. Ҳайати мураббиён ва футболбозон кори зиёд анҷом доданд. Мо қаҳрамони Лигаи олӣ шуда, Суперҷоми Тоҷикистонро бурдем. Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 амалкарди хубе доштем. Ҳадафи мо аз гурӯҳ баромадан буд, аммо ба далели фарқияти тӯбҳо натавонистем ин корро анҷом диҳем. Ба ҳамаи бачаҳо барои талошашон ташаккур мегӯям", – гуфтаст Черевченко.

Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии Истиқлол буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста се маротиба Чемпионати Тоҷикистон, Ҷоми Тоҷикистон, Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард ва кишварро дар бозиҳои Осиё муаррифӣ кард.

Дар наздиктарин фурсат ин даста бояд ситоди нави муррабиёни худ, аз ҷумла сармуррабиашро муаррифӣ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.