Аз хонаву чорво то даромад аз кори илмиву эҷодӣ. Феҳристи мансабдороне, ки дороияшонро бояд ошкор кунанд, васеъ шуд

Дар Тоҷикистон феҳристи мансабдороне, ки бояд дар бораи молумулк ва андоз аз даромади худ  ба мақомоти болоӣ эъломия пешниҳод кунанд, васеъ шуд. Акнун кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ва мансабдорони давлатие, ки дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон ё намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар хориҷа кор мекунанд, дар бораи андоз аз даромад ва […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон феҳристи мансабдороне, ки бояд дар бораи молумулк ва андоз аз даромади худ  ба мақомоти болоӣ эъломия пешниҳод кунанд, васеъ шуд. Акнун кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ва мансабдорони давлатие, ки дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон ё намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар хориҷа кор мекунанд, дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худ бояд эъломия пешниҳод кунанд.

Дар ҳолати пешниҳод накардани эъломия ва ё пешниҳоди маълумоти “баръало бардурӯғ” мансабдор аз вазифа озод ва ё бозхонд мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш бо ин мазмун тағйирот ба Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”-ро имзо кард.

Мувофиқи он, қисмҳои 4 ва 5-и моддаи 21-и Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” дар таҳрири нав пешниҳод шуда, ба он 6 банди нав дар бораи шарту тартиби пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳои мансабдорон илова шуд.

Тибқи тағйирот ба қисми 4, акнун “кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявии давлатии Тоҷикистон, шахсоне, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, иҷро менамоянд, ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ уҳдадоранд эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкии худро пешниҳод намоянд”.

Ҳамчунин мувофиқи қисми 6, ки нав илова шуд, мансабдорони давлатие, ки дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон ё намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар хориҷа кор мекунанд, дар бораи дороиҳояшон бояд маълумотнома пешниҳод кунанд.

 

Эъломия кадом иттилоъро дарбар мегирад?

Тибқи қисми наве, ки илова шуд, дар эъломия дар бораи молу мулк, номгӯйи моликияти хусусӣ, аз ҷумла хонаи истиқоматӣ, бӯстонсаро ва дигар молу мулки ғайриманқули мансабдор, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ бо масоҳати қитъаи замин, нақлиёти сабукрав ва техникаи дигари таъиноташон гуногун, саршумори чорво ва паранда, саҳмия дар ташкилоти тиҷоратӣ, коғазҳои қиматнок, пасандозҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ё берун аз он бояд пешниҳод шавад.

Эъломия дар бораи андоз аз даромад бошад, маблағи даромад, маблағи андози вобаста ба даромад дар ҷойи кори асосӣ пардохтшуда, даромад аз ҷойи кори ғайриасосӣ, даромад аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз иҷораи молу мулк, даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ, даромад аз замини ба иҷора гирифташуда, даромад аз пасандозҳои бонкӣ, даромадҳо ҳамчун молик ва дигар даромадҳоро бо нишон додани намуди он дарбар мегирад.

Шахсоне, ки бори аввал ба мансаби давлатӣ таъин мешаванд, ҳангоми таъин шудан ба вазифа ва мансабдорони дигар ҳар сол то 1-уми апрел барои соли гузашта эъломия бояд пешниҳод кунанд.

Мансабдорони ҳукуматӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилоти давлатӣ, ки аз ҷониби президент ё ҳукумат ва ё пешниҳоду розигии президент ба вазифа таъин мешаванд, эъломия дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худро ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, бо тасдиқномаи ин идора, шакли коғазии онро ба Дастгоҳи иҷрояи президент пешниҳод  бояд кунанд.

Раис, муовинон ва вакилони ҳарду палатаи парлумон эъломияҳои худро ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамоянд. Эъломияҳои роҳбарони шаҳраку деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳия пешниҳод карда мешаванд.

Агар довталабон ҳангоми таъин ва ё интихоб шудан ба вазифа дар бораи дороиҳояшон эъломия пешниҳод накунанд ё маълумоти бардурӯғ пешниҳод кунанд, метавонад барои ба вазифа таъин нашудани онҳо асос шавад.

Мансабдорон бошад, ҳангоми пешниҳоди маълумоти нодуруст ва ё тамоман пешниҳод накардани он, метавонанд аз мансаб озод ва ё бозхонд шаванд.

Бояд гуфт, мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 уҳдадоранд дар бораи дороиҳо ва амволашон эъломия пешниҳод кунанд. Қаблан аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо) талаб мешуд. Тибқи тағйироте, ки соли 2020 ба қонунгузорӣ ворид шуд, мансабдорон муваззаф шуданд, ки дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомоти болоӣ гузориш диҳанд.

Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон соли 2019 замоне доғ шуд, ки Ҷумъа Давлат, директори Агентии хидмати давлатӣ гуфт, “ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест”. Ӯ он вақт таъкид карда буд, ки “ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем”.

Аммо эъломияи мансабдорон дар бораи дороиҳояшон боре расман оммавӣ нашудааст. Ба гуфтаи баъзе коршиносон, далели пинҳон мондани иттилоъ дар бораи амволи мансабдорон метавонад он бошад, ки бархе аз ходимони давлатӣ аз ошкор кардани дороиҳои худ, ки эҳтимолан ҳаҷмашон кам нест ва манбаашон номаълум аст, нигаронанд.

Дар ин моваро, чанд нафар аз мансабдори сатҳи миёна дар нишастҳои матбуотӣ аз даромаду дороии худ ҳарф зада буданд, аммо онҳо ҳам эъломияи расмиро нашр накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.