СУРАТГУЗОРИШ. Душанбе чӣ гуна Соли нави 2026-ро истиқбол мегирад?

Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2026 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони Истиқлоли пойтахт қомат афрохтааст. Ин арчаи азим бо баландии 30 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ – чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ чашмҳоро мебарад. Атрофи арча […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Идибеки Саид, Asia-Plus

Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2026 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони Истиқлоли пойтахт қомат афрохтааст.

Ин арчаи азим бо баландии 30 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ – чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ чашмҳоро мебарад.

Атрофи арча ба як шаҳраки афсонавии солинавӣ табдил ёфтааст. Дарвозаҳои рамзӣ бо навиштаҷоти "2026" ба меҳмонон хушомад мегӯянд. Манзараи идона бо аркҳои рангоранг, арчаҳои хурди сабз, одамчаҳои барфии табассумкунанда ва хонаи пуррамзу рози бобои барфӣ пурра мегардад.

 

Волидон бо дурбинҳои телефон лаҳзаҳои хотирмонро сабт мекунанд. Ҷавонон дар назди ороишоти идона акс мебардоранд. Дар ин фазои идона калонсолон низ зиёданд ва табассум ба ин зебоӣ менигаранд.

Бояд гуфт, ки дар моварои соли нави 2026 дар 4 ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ ниҳода шудаанд. Аз ҷумла, дар назди биноҳои Театри опера ва балет ҳар шом садҳо тан атрофи арчаро пур мекунанд.

Дар назди бинои Сирки давлатӣ ҳам арчаи зебо бо чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ қомат афрохтааст.

Паҳлӯи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам макони солинавӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл арчаи асосии солинавии Душанбе дар майдони Дӯстӣ – канори муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд, чанд сол инҷониб ин арча дар майдони Истиқлол қомат меафрӯзад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.