Соли гузашта беш аз 4 ҳазору 600 шаҳраванди Тоҷикистон ба кишварҳои авропоӣ, арабӣ ва осиёӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Дар ин бора дирӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнату муҳоҷират хабар доданд.
Тибқи иттилои вазорат, соли гузашта 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қатар бо кор таъмин шудаанд. Инчунин, Кореяи Ҷанубӣ соли 2025-ум барои 800 муҳоҷири тоҷик квота ҷудо кардааст. Вале ин кишвар 68 довталабро интихоб карда, 21 нафари онҳоро бо кор таъмин кардааст. Вазорат гуфтааст, ки ҳуҷҷатҳои 12 довталаби дигар барои сафар ба ин кишвар омода аст.
Ҳамчунин, дар як ширкати ҷопонӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Мақомот гуфтаанд, ки “корҳо ҷиҳати сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Ҷопон идома дорад”.
Тибқи иттилои вазорат, дар мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуёни тоҷик, ки се рӯз дар Душанбе гузашт, беш аз 1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок кардаанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 263 нафар аз сӯҳбати корфармоён гузаштаанд ва рӯзҳои наздик барои кор дар Қатар миёни онҳо созишнома ба имзо мерасад.
Аз ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтанд, ки чанд муҳоҷири тоҷик ба кадом кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ ба кор рафтаанд.
Муҳоҷирони кории тоҷик ба Белгия мераванд
Вале Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки “вазорат корҳоро барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Осиё ҷоннок кардааст”.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Солеҳа Холмаҳмадзода
Ӯ гуфт, моҳи ноябри соли 2025 байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия ёддошти тафоҳҳум дар самти муҳоҷират ба имзо расидааст.
“Ҳуҷҷат айни ҳол дар марҳилаи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад. Санади мазкур имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Белгия, Ҳоланд ва Люксембург ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд”,-гуфтанд дар Вазорати меҳнат.
Ба гуфтаи Холмаҳмадзода, соли гузашта бо 17 кишвар, аз ҷумла Корея, Қатар ва дигар кишварҳои арабӣ созишнома ба имзо расонидаанд. Ӯ гуфт, ҳоло бо кишвари Олмон низ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ корбарӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо дар соли 2025 беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ва ё бозпас фиристода шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки теъдоди тоҷикистониёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2024-ум кам, вале аз фурудгоҳу марзҳои ин кишвар бозпасгардонида афзудааст.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва Корея мебошад.


