Панҷ рӯзноманигори тоҷик ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд

Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон панҷ рӯзноманигори тоҷик ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик, ки дирӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ баргузор гашт, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар васоити ахбори умум сардабири ҳафтаномаи «Омӯзгор» – Маҳмадшариф Бобошоев, директори Радиои тоҷик Абдуқодири […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон панҷ рӯзноманигори тоҷик ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.




Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик, ки дирӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ баргузор гашт, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар васоити ахбори умум сардабири ҳафтаномаи «Омӯзгор» – Маҳмадшариф Бобошоев, директори Радиои тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор, муҳаррири баномаҳои фароғатии радиои «Ватан» – Субҳони Ҷалил ва барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи ВАО муаллифи китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» профессор Иброҳим Усмонов ва омӯзгори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Давлат Давронов ба ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.



Ғайр аз ин, 55 нафар рӯзноманигор бо нишонии сарисинагии «Аълочии матбуот» ва 23 рӯзноманигор бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд.



Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор рӯзноманигоронро бо ифтихорномҳо сарфароз гардонида, якчанд медиа-созмонҳо, аз ҷумла шабакаи мустақили телевизиони «СМТ» ва ОИ «Азия-Плюс» соҳиби ифтихорномаҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ гаштанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?