Мақомот сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои мошин дар Душанберо шарҳ доданд

Шаби гузашта, 5-уми феврал дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои мошини ҶДММ “Маҳмадуллои Давлат”, маъруф ба “морги Автосентр” дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, субҳи 6-уми феврал хабар дод, ки оташсӯзӣ 2 раста ва 74 нуқтаи савдои қисмҳои мошинро дар масоҳати 2000 метри мураббаъ фаро гирифтааст. “Дар натиҷаи амалиётҳои фаврӣ ва саривақтии кормандони […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаби гузашта, 5-уми феврал дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои мошини ҶДММ “Маҳмадуллои Давлат”, маъруф ба “морги Автосентр” дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.

Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, субҳи 6-уми феврал хабар дод, ки оташсӯзӣ 2 раста ва 74 нуқтаи савдои қисмҳои мошинро дар масоҳати 2000 метри мураббаъ фаро гирифтааст.

“Дар натиҷаи амалиётҳои фаврӣ ва саривақтии кормандони ХДО сӯхтор дар соати 23:35 дақиқа иҳота карда шуда, соати 00:10 дақиқа дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”,-навиштааст манбаъ. 

Ҳоло сабаби рух додани сӯхтор ва хисороти он маълум нест. Ин макон дар кӯчаи Ҷанубӣ 1-и ноҳияи Фирдавсӣ  воқеъ аст.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷиҳати муайян кардани сабаби сар задани оташсӯзӣ ва миқдори хисороти он гурӯҳи корӣ таъсис ёфта дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Навори сӯхтори макони мазкур шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб карда буд. Дар навор дида мешавад, ки алангаи оташ масоҳати калонро фаро гирифта дуди ғализи он дар қисме аз ин маҳалла мушоҳида мешавад.

Ҳамасола садҳо ҳодисаи сӯхтор дар бинову иншооти давлативу хусусӣ, бозорҳо ва марказҳои хидматрасониву савдо рух медиҳад, ки молу мулки давлативу хусусиро ба коми худ мекашад. Аз ҷумла, чанд соли охир сӯхтори бозорҳо дар кишвар зиёд шудааст.

Ахиран дар мағозаҳои қолин, кӯрпаворӣ ва кошонаи ҳусн дар ҳудуди бозори “Корвон” сӯхтор рух дод.

Пештар аз ин шаби 12 ба 13- уми ноябри соли гузашта дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, сар зад, ки дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхтанд.

Мақомот аксаран сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо мегӯянд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.