Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух ба суоли роҳ наёфтани варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои зимистонаи 2026, ки имсол дар Италия мегузарад, гуфт, “Тоҷикистон шароити зарурӣ барои тамрини варзишгарон дар намуди бозиҳои зимистона надорад”.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона-2026 имрӯз, 6-уми феврал баргузор мешавад ва бори сеюм аст, ки Тоҷикистон пайдарпай дар ин мусобиқа ширкат карда наметавонад.
“Ҳарчӣ дар имконияту салоҳияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи миллии олимпӣ буд, истифода бурдем. Ба ҳамаи шумо, зерсохт, имконият ва пойгоҳ аён аст. Мо як пойгоҳи зимистонаи олимпӣ ва як мактаби зимистонаи варзишӣ дорем. Хатти лижаронии мо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест”, – шиква кард Гулаҳмадзода.
Ӯ дирӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳарчанд ба варзишгарони намуди зимистона идрорпулӣ ҷудо шуд ва дар хориҷа ба тамрин фаро гирифта шуданд, вале холи заруриро барои гирифтани иҷозатнома ба даст оварда натавонистанд.
Ҳамчунин, дар ин нишаст, Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпи Тоҷикистон гуфт, ки нақша доштанд, чор варзишгари тоҷикро ба ин бозиҳо сафарбар кунанд, “вале варзишгарон холи заруриро барои ба даст овардани роҳхат соҳиб нашуданд”.
“Дар мо боду ҳаво мусоид нест. Бояд варзишгар ҳар рӯз тамрин кунад. Вале дар мо фақат моҳи январ ва феврал зимистон аст, ки на ҳамеша барф меборад”, – таъкид кард Абдуллозода.
Дар ҳамин ҳол, Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр кард, ки Кумитаи кор бо ҷавонон барои тамрин кардани варзишгарон дар намуди варзишҳои зимистона бо Эрон ва Чин созишнома бастааст. Ҷузъиёти ин созишнома маълум нест.
Варзишгарони тоҷик охирон бор дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочии Русия иштирок карда буданд.
Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.
Соҳибкорон бо 76 млн сомонӣ иншооти варзишӣ сохтаанд
Зулфиқор Гулаҳмадзода дар идомаи нишаст иттилоъ дод, ки соли 2025 соҳибкорон ба маблағи беш аз 76 млн сомонӣ иншооти варзишӣ сохтаанд. Ӯ зикр кард, ки соли гузашта дар умум, 174 иншооти соҳаи варзиш бо маблағи беш аз 174 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Ба гуфтаи вай, ин иншоотҳо бо маблағи 96 миллиону 630 ҳазор аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 76 миллиону 808 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби “соҳибкорону шахсони саховатпеша” сохта шудааст.
“Рушди варзиш дар кишвар эҳсос шуда истодааст ва аллакай таваҷҷуҳ ба соҳаи бозорёбии варзишӣ ба бунёди иншоотҳои хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон талабот зиёд аст”, – гуфт Гулаҳмадзода.
Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон кам, вале миёни наврасон бештар шудааст
Зулфиқор Гулаҳмадзода дар нишасти хабарӣ аз афзудани ҷинояткорӣ миёни наврасон изҳори нигаронӣ кард, вале гуфт дар ин баробар миёни ҷавонон коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 3 ҳазору 116 ҷиноят аз тарафи ҷавонон ё бо иштироки онҳо сабт гардидааст, ки нисбати соли 2024-ум 27,2 дарсад ё 848 ҳолат кам будааст. Вале ӯ аз омори ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби ноболиғон ном набурд.
“Навраси имрӯза ҷавони оянда аст. Агар ба сини наврасӣ ба ин кор даст занад, теъдод зиёд шавад, онҳо ҷавон мешаванд ва барои тамоми соҳа мушкилӣ эҷод мешавад”, – гуфт Гулаҳмадзода.
Ба гуфтаи ӯ ниҳоди зертобеаш барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар гӯшаву канори кишвар “садҳо вохӯрӣ гузаронидааст”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шуданд. Ҳамчунин, моҳи ноябри соли гузашта ҳам дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.


